5 сол шартан зиндонӣ кардани як рӯҳонӣ.

Дар додгоҳи ноҳияи Олмолаи шаҳри Алмаатои Қазоқистон муҳокимаи руҳонии 33-сола, сокини ин шаҳр Денис Коржавин ба охир расид. Додгоҳ ӯро 5 сол шартан зиндонӣ кард.
Коржавин дар барангехтани адовати динӣ айбдор мешуд. Додгоҳ гуфт, вай бо паҳн кардани тарҷумаи русии китоби «Се асос»-и арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ адоват барангехтааст.

Коржавин аз 18 феврал ба ин сӯ дар боздоштгоҳ буд ва баъди ба иҷро даромадани ҳукм аз толори додгоҳ раҳо шуд. Додгоҳ ӯро вазифадор кард, ки дар мақомоти маҳаллӣ худро сабт кунад. Вай ҳамчунин аз ҳаққи тағйири ҷойи зист ва ё тарки Алмаато маҳрум шуд.

Додгоҳ аз Коржавин хост, аз ин ба баъд ба тарғиби сулҳ ва ягонагии фазои динӣ даъват кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *