5 соли зиндон, ҳукми моиндари ҷоҳил
Бунафша Султоноваро Додгоҳи ноҳияи Ёвон 5 сол равонаи зиндон кардааст, зеро бадрафториаш нисбати писари ҳамсараш боиси худкушии писарбача гаштааст .
Султонова аз соли 2005 бо Муродов С.М. тариқӣ расму оинҳои диннӣ ба шавҳар баромада,дар давоми зиндагонии муштарак бо писари шавҳараш “муносибати бераҳмона намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ мекардааст: “Боз дар ин давом аз хӯрдани хурок ва пӯшидани либосҳояш ӯро маҳрум намуда, таъкид менамудааст, ки аз манзили истиқоматиашон баромада равад”.
Дар натиҷаи чунин рафтори ноодилонаи моиндар писарандари вай, аз зиндагӣ дилмонда шуда, шаби 8 майи соли равон худро дар дарахти зардолуи ҳавлиашон овехтааст.
Нисбат ба Бунафша Султонова бо дастрасмии моддаи 109 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ахиран додгоҳ ҳукми панҷ соли ҳабсашро содир кардааст. Ин муҳлатро ӯ дар зиндони низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ