5-умин солгарди «Пайванди қитъаҳо»

Идигул Қосимзода,  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин аз хусуси ҳамкории судманд бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии занону духтарони тоҷик ибрози назар намуда, бузургдошти 5-умин солгарди таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо»-ро муборакбод гуфт.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ховар иттилоъ доданд, ин нукта зимни мулоқоти Идигул Қосимзода  бо ҳайати намояндагии Ҳукумати ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, Кумитаи таблиғотии Ҳизби Коммунисти ноҳияи Синзян, Дафтари матбуоти Ҳукумати Синзяни Чин, идораи рӯзномаи иқтисодии Синзян, идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ва Академияи рассомии миллии Синзян баён гардид.

Мавриди зикр аст, ки  «Пайванди қитъаҳо»- ягона маҷаллаи расмии Чин дар Тоҷикистон соли панҷум аст, ки ба забони тоҷикӣ ба табъ расида, дар густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар нақши фаъол мебозад ва ҳамчун пули пайвандгари дӯстии Чин ва Тоҷикистон дониста мешавад.

Зикр шуд, ки Тоҷикистону Чин ҳамсояҳои қарин буда, дурнамои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари ҳамҷавор нек ба назар мерасад. Мардуми ин кишварҳо бояд дӯстию бародариро, ки ба шарофати Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз давраҳои қадим ба мерос мондааст, идома диҳанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *