5 қурбонии аввали мавсими оббозӣ
Дар Тоҷикистон аз якуми июн мавсими нави оббозӣ оғоз гардида, аллакай дар ин муддати кӯтоҳ гузоришҳои зиёд дар бораи ғарқшавии одамон ба нашр расидаанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар чанд рӯзи охир 5 ҳолати ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 3 нафарашон кӯдак будаву аз ҳама калонаш ҳамагӣ 15 сол доштааст.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофтати шаҳрвандии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳамаи 5 ҷасад аз ҷониби наҷотбахшон аз об берун кашида шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шудаанд.
Номбурда яке аз сабабҳои ба чунин фалокат дучор гаштани кӯдаконро бепарвоии волидайн номидааст, ки баҳояш ҷони инсон аст. Зеро бо вуҷуди ҳушдорҳои ҳамешагии дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ ва худдорӣ намудан аз оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ мардум фикри амнияти хешро накарда ҷонашонро дар хатар мемонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ