5 усули пулкоркунӣ ҳангоми харид

Замимаи “МегаФон Life” барои баргардонидани қисми маблағҳои сарфшуда кӯмак мерасонад. Маблағи харидро тавассути ҳамёни электронӣ пардохт карда, истифодабаранда соҳиби кешбэк аз шарикони замима мегардад – ин бошад, наздики 100 мағоза, қаҳвахона, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ. Маблағҳои баргардонидашударо барои хариди нав истифода бурдан мумкин аст.

Барои хӯроки нисфирӯзӣ

Ба қаҳвахона барои хӯроки нисфирӯзӣ ё нӯшидани қаҳваи хушбӯй даромадед? Пардохтро тавассути “МегаФон Life” анҷом дода, кешбэк ба даст оред! Масалан, дар қаҳвахонаи “Simple” барои як пиёла қаҳва бо арзиши 50 сомонӣ 10 сомонӣ баргардонда мешавад. Дар “Café DELUXE” бошад барои хӯроки шом бо нархи 200 сомонӣ шумо 26 сомониро бозпас мегиред. Дар рӯйхати шарикон – зиёда аз бист қаҳвахонаю тарабхонаи пойтахт қарор доранд.

Барои бензин

Сарфаи ками маблағ барои сӯзишворӣ ҳангоми сафар ҳамеша гуворост. Ба дилхоҳ НФС “Ориё” рафта, пардохтро тавассути “МегаФон Life” анҷом диҳед. Ба маблағи 200 сомонӣ сӯзишворӣ харида, 6 сомониро бозпас мегиред. Кешбэк дар 28 нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориё” дар Душанбе ва НТМ пешниҳод мегардад.

Барои либос

Харидҳои навро дӯст медоред? Пас метавонед кешбэкро истифода баред. Агар шумо дар мағозаи “DeFacto” куртаи зебою шинамро ба маблағи 300 сомонӣ харид кунед, ба тавозуни  “Ҳамён” 30 сомонӣ бармегардад. Шарикони лоиҳа – наздики даҳҳо мағозаҳои либос.

Барои маҳсулот

Супермаркетҳои “АРМУТ” ва “Red&White” – ҷойҳои беҳтарин барои хариди маҳсулот. Дар ин ҷо тамоми маҳсулоти лозимиро пайдо кардан мумкин аст ва албатта, ба даст овардани кешбэк низ имконпазир мебошад. Масалан, агар дар “Red&White” маблағро дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарф кунед, соҳиби 25 сомонӣ кешбэк мегардед. Ҳар боре ки шумо ҷиҳати харид барои аҳли оилаатон ба назди шарикони замимаи “МегаФон Life” биёед, ин амал такрор меёбад. Миёни онҳо – наздики даҳҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва супермаркетҳои Душанбе.

Барои… ҳаёт!

Рӯйхати мисолҳоеро, ки истифодабарандагони замима соҳиби кешбэк мегарданд, идома додан мумкин аст. Дар мағозаи “Студия подарков” 200 сомониро сарф намоед – ба тавозуни “Ҳамён” 10 сомонӣ бармегардад. Барои тозакунии костюм дар хушкашӯйии “Diamond Dry Cleaning” маблағи 150 сомонӣ харҷ намудед – дар лаҳзаи пардохт 15 сомонӣ бармегардад. Ва пас аз ташрифи таскинбахш ба саунаи “Sultan Hamam” аз маблағи 300 сомонии сарфшуда 15 сомониро бозпас мегиред. Шарикон дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт мавҷуданд. Рӯйхати пурра – дар суроғаи зерин.

Аз “Ҳамён” дар “МегаФон Life” истифода баред, то ки барои ҳар як харид аз шарикони замима дар Душанбе, НМТ, Бӯстон ва Хуҷанд кешбэк ба даст оред!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *