5 зарари нос ба солимии инсон
1. Онкологҳои ӯзбекистонӣ эълом медоранд, ки 80%-и беморони гирифтори саратони забон, лаб, дигар узвҳои холигии даҳон ва саратони гулӯро носкашон ташкил медиҳанд.
2. Азбаски дар таркиби нос ахлоти ҳайвонот мавҷуд аст, истеъмоли чунин модда боиси сирояти бемориҳои гуногуни рӯда ва гепатити вирусӣ мегардад.
3. Азбаски моддаи асосии таркиби носро тамоку ташкил медиҳад, он дар инсон тобеияти никотиниро ба бор меорад.
4. Табибон носро ба қатори моддаҳои психотропӣ низ ворид кардаанд. Истеъмоли чунин моддаи психотропӣ ба инкишофи равонии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ҷавони носкаш малакаи дурусти дарккуниро аз даст дода, ҳофизааш заиф мешавад. Равоншиносон қайд мекунанд, ки носкашии бардавом дар ҷавонон боиси тағйирёбии шахсият ва хароб гаштани психикаи ӯ мегардад.
5. Саломатии холигии даҳон ва хусусан дандонҳои носкаш хароб гашта, одатан чунин нафарон алакай то синни 50-солагӣ бе дандон мемонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ