50 ҷилд. “Ахтарони адаб” ба Президент фиристода шуд

Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи «Ахтарони адаб»-ро иборат аз 50 ҷилд аз чоп баровард. Дар ин силсилакитоб, ки бо маблағгузории бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид, осору ашъори адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то нависандагону шоирони муосири мо гирд оварда шудаанд.

Маросими рӯнамоии силсилакитоби «Ахтарони адаб» имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар суханронии хеш гуфт, ки “нашри “Ахтарони адаб” аз соли 2007 оғоз шуда, соли равон ба анҷом расид”.

— Новобаста аз он ки дар кишвар чанд маротиба вазъи буҳронӣ ба вуҷуд омад, новобаста аз он ки шароити иқтисодӣ печида шуд, Пешвои миллат ба дигар соҳаҳо маблағгузориро боздоштанд, вале барои китоб пайваста маблағ ҷудо карданд. 50 ҷилд “Ахтарони адаб” бевосита бо ташаббус ва маблағгузории президенти кишвар ба табъ расид. Бинобар ин, имрӯз аз номи аҳли адаб ҳамчун армуғон як бастаи комили ин китобҳо ба Пешвои миллат фиристода мешавад,- гуфт номбурда.

Дар ин маросим аҳли илму адаби кишвар ширкат варзида, нашри “Ахатрони адаб”-ро падидаи фарҳангӣ унвон карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *