50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” ва дигар китобҳои тозанашр рӯнамоӣ мешаванд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бори нахуст дар таърихи даврони истиқлолияти Тоҷикистон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри силсилаи китоби “Ахтарони адаб” дар 50 ҷилд бо сифати баланд ба нашр расид.

Бино ба иттилои вазорат, ин силсила осори адибони тоҷик аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то муосирони моро дар бар мегирад. Маросими рӯнамоии силсилаи 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” ва китобҳои дигари тозанашр, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Адиб” ба табъ расидаанд, рӯзи 10-уми феврали соли равон, соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои илмию фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои эҷодии кишвар баргузор мегардад.

— Барои алоқамандони китоб дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” соати 8:00 шуруъ мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *