50 000 сомонӣ насиби Гулноза Ғаффорӣ шуд

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»-ро ҳунарманди жанри анъанавӣ аз шаҳри Хуҷанд Гулноза Ғаффорӣ ба даст овард.

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 16 ноябри соли равон дар  Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар ин озмуни бонуфузи фарҳангӣ 24 нафар ғолибони даври вилоятӣ аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, ҷойҳои намоёни озмунро ба даст оварданд.

“Ҳамчунин, дар номиннатсияҳои алоҳидаи озмун аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, ҷойҳои дуюмро Сабрина Темурова, Замира Ӯрунова, Тахмина Исматӣ, зинаи сеюмро Фирдавс Маҳмудов, Абдусалом Маризоев ва Нозанин Ҷамолиддинов ба даст оварданд”,-гуфт Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд.

Гуфта мешавад, ки 17 нафар беҳтаринҳо бо диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *