50 миллион доллари Алишер Усмоновро Намангон гирифт

Алишер Усмонов дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» (Қишлоқи обод) дар вилояти Намангон 50 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Намангон иттилоъ дод.

Ёдрас мешавем, Мирзиёев 1 март дар мулоқот бо фаъолони Намангон хабар дод, ки дар вилоят маркази тиҷории ҷавонон ба номи Алишер Усмонов боз хоҳад шуд. Дар марказ мутахассисони хориҷӣ ба ҷавонон соҳибкориро хоҳанд омӯзонд.

Бунёдгузори ширкати USM Holdings Алишер Усмонов дар ноҳияи Чусти Намангон ба дунё омадааст. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро $12,5 млрд арзёбӣ карда буд.

Президенти Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018 фармони «Қадрдонии Алишер Усмоновро бо орден» имзо карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *