50 % шаҳрвандони Тоҷикистон то соли 2030  миёнаҳол мешаванд

Инро барои мардуми кишвар  Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон — Маҷлиси намояндагон 1 декабри соли равон қабул кард, кафолат медиҳад.

Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Стратегияи миллиро муаррифӣ намуда, тазаккур дод, ки ҳуҷҷати мазкур барои таъмини амнияти энергетикӣ, баровардани кишвар аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати транзитӣ мубаддал кардани он равона шудааст. Вазир таъкид кард, ки баҳри татбиқи вазифаҳои Стратегия ҷалби 118,1 млрд доллар маблағ зарур аст. «Дар доираи татбиқи Стратегия барномаҳои соҳавие қабул карда мешаванд, ки онҳо барои ислоҳот дар соҳаи маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоӣ, амният,  демография ва кадрҳои баландихтисос равона мешаванд», — гуфт вазир.

Неъматулло Ҳикматуллозода инчунин қайд намуд, ки  ҳуҷҷати  мазкур сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон ду баробар коҳиш медиҳад (дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба 31% баробар шуд). Сафи шаҳрвандони миёнаҳолро аз 22 фоизи ҳозира то 50% афзун менамояд.

Синф ё шаҳрванди миёнаҳол кист?

Дар  қонунгузории ҷорӣ шаҳрвандон ё синфи миёнаҳол – ин гурӯҳи иҷтимоии одамоне мебошанд, ки даромади устувор дошта, барои қонеъсозии доираи васеи талаботи моддӣ ва иҷтимоиашон кифоят мекунад. Некуаҳволие, ки шаҳрвандони миёнаҳол доранд, барои зиндагии хуби онҳо басанда мебошад. Аз ин рӯ, синфи миёнаҳол бештар аз ҷиҳати эътимоднокии иҷтимоӣ фарқ мекунад.

Тибқи маълумоти «Global Wealth Report 2015» аз лиҳози бартарии намояндагони синфи миёнаҳол дар соли 2015 Хитой мақоми аввалро касб намуда, аз ИМА гузаштааст. Имрӯз дар Хитой 109 млн аҳолӣ  синфи миёнаҳол маҳсуб ёфта, дар ИМА ин нишондод ба 92 млн баробар аст.

Камбизоатӣ тибқи нақша то 15% кам мешавад

Ҳамзамон, Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давоми 14 соли оянда коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолии кишварро аз 31 фоизи имрӯза то 15% ба нақша гирифтааст. Аз маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бармеояд, ки барои ба ин ҳадафи созанда расидан Стратегияи миллии рушди кишвар дар се марҳила – солҳои 2020, 2025 ва 2030 татбиқ мешавад.

Аз ин пештар иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон муносибаташро бо муайянкунии сафи аҳолии камбағал тағйир медиҳад ва аллакай сатҳи онро дар асоси ҳар семоҳа ва солона вобаста ба таҳқиқи даромади буҷети аҳолӣ маълум мекунанд. Илова бар ин, дар даҳсолаи наздик тамоман решакан кардани мафҳуми «қашшоқӣ» нақшарезӣ шудааст.

Ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Расидан ба ҳадафҳои олии дар боло зикркардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ меҳнату заҳмати тамоми сохторҳои ҳукуматию хусусӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар тақозо мекунад.

Э. НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *