50 солагии фаъолияти эҷодии Савринисо Сабзалиева (Видео)
Нимаи аввали имрӯз соати 11 дар толори консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода 50 солагии фаъолияти Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савринисо Сабзалиева дар толори консертии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода ҷашн гирифта шуд.
Ин ҷамъомади бошукӯҳро сухани ифтитоҳии ректори ДДФСТ, Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Идиев Х.У ҳусни оғоз бахшид. Барномаи рангини консертӣ ва рақси помириву монолог ва шеъърҳо аз қабили “Фарёди ишқ”-и Ғани Абдулло, Монологи Нигина а намоишномаи “Қисмати шоир”-и С. Улуғзода, “дуои модар” дар иҷрои зеботарин ширинсухантарин модари саҳнаи тоҷик Савринисо Сабзалиева ҳусни рангину нотакрор намуданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Мастона Эргашова, Марям Исоева, Саодат Азизова, Зулхумор Иброҳимова ва дигар аҳли санъат ширкат ва суханронӣ намуда соҳибҷашнро таҳният гуфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ