50% тими ҳукумати ояндаи Афғонистон тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин мешаванд

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон қарордоди сиёсиеро имзо карданд. Дар асоси он доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ раёсати Шӯрои олии сулҳро ба уҳда мегирад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин созиш рӯзи 17-уми май имзо шудааст ва тибқи ин тартиб Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон шахси дуввум хоҳад буд ва раванди гуфтугӯҳои сулҳро роҳбарӣ мекунад. Инчунин, ҷонибҳо розӣ шуданд, ки панҷоҳ дарсади аъзои ҳукумати ояндаи Афғонистон аз ҳисоби тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин шавад.

Дар созишнома гуфта мешавад, ки ин тақсимот вазоратҳои калидиро низ дар бар хоҳад гирифт ва ба Абдурашид Дӯстум, аз ҳомиёни интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рубтаи маршал дода мешавад ва ӯ ҳамчунон узви Шӯрои амнияти миллӣ хоҳад монд.

Созиши Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъд аз се моҳи гуфтушунид, фишорҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиди амиқрафти буҳрони сиёсӣ ва идорӣ ҳосил шуд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон баъд аз имзои паймон бо қаноатмандӣ гуфт, ки он бе миёнаравии хориҷӣ ба даст омад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳамакнун раиси Шӯрои олии мусолиҳа низ гуфт, ки ин тавофуқ роҳ ба самти сулҳро ҳамвор хоҳад кард ва ҳукуматдориро дар Афғонистон мустаҳкам мекунад.
Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико чанд соат баъд аз имзои созиш дар саҳифаи твиттериаш навишт, хурсанд аст, ки Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба тавофуқ дар мавриди як ҳукумати ҳамашумул даст ёфтанд. Қаблан Иёлоти Муттаҳида ҳушдор дода буд, ки дар сурати ҳосил нашудани як созиши сиёсӣ дар Афғонистон як миллиард доллар аз кӯмакҳои худро ба ин кишвар коҳиш медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *