50% занони тоҷик зери хушунат қарор доранд

Бунёди ҷамъиятии “Нотабене”-и Тоҷикистон, Созмони ҳамкории байналмилалӣ ва Бунёди Хелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо нашри як гузориши муштарак гуфтаанд, ки бештари қурбониҳои хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон пас аз 4 соли қабули қонун оид ба ҷилавгирии хушунат дар оила, ҳанӯз ҳам беҳимоят мемонанд.

Ин гузориши 74-саҳифаӣ дар пайи таҳлили санадҳо, мусоҳиба ва гузаронидани таҳқиқот моҳҳои октябр ва ноябри соли гузашта анҷом шудааст. Муаллифони ин гузориш мегӯянд, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз дар сатҳи ҳукумат пойгоҳи ягона барои ҷамъоварии маълумот оид ба мавридҳои хушунати хонаводагӣ, вуҷуд надорад.

“Ғайр аз ин барои ҷамъоварии маълумот аз равишҳои ноҳамоҳанг истифода мешавад. Поин бурдани нишондиҳандаҳо мушкили ҳамешагӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, натиҷаи баъзе аз таҳқиқотҳо нишон медиҳад, ки наздик ба 50 дарсади занони тоҷик дар бархе аз вақтҳоизиндагии худ аз сӯи шавҳар, хушдоман ва аъзои дигари оила дучори хушунати хонаводагӣ мешаванд”,-омадааст дар ин гузориш.

Дар бахши дигаре аз ин гузориш бо ишора ба қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” набуди механизмҳои дақиқи амалисозии он, мафҳуми муайяни хешовандон ва “хушунати хонаводагӣ”, ҷиноят шинохтани ҳамаи шаклҳои хушунати хонаводагӣ ва кафолати ҳаққи ёрии ҳуқуқӣ ба қурбонии хушунати хонаводагӣ, аз норасоиҳои ин қонун гуфта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *