500 бистар ва 500 болишт ба донишҷӯёни ДДОТ

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири беҳтар намудани шароити зисти донишҷӯёни хобгоҳ аз ҳисоби донишгоҳ 500 дона бистар (матрас) ва 500 дона тагсариро (болишт) дастраси донишҷӯён намудааст.

Бино ба иттилои ДДОТ, бистарҳо ва болиштҳо аз пахтаи аълосифат омода шуда, ин иқдом дар даҳсолаҳои охир бори нахуст аз ҷониби ректори донишгоҳ амалӣ шудааст.

— Илова бар ин, то оғози соли нави таҳсил ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намудааст, ки ба 700 рахти хоби дигар низ бистарҳо ва тагсариҳои аз пахтаи аълосифат омодашударо дастраси донишҷӯёни хобгоҳ гардонанд,- меафзояд манбаъ.

Мавриди ёдоварист, ки чанде пеш тибқи дастури ректор ба 1300 рахти хоби донишҷӯёни хобгоҳ рӯйпӯшҳои тозаву озода дастрас карда шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *