500 миллион доллар ҷуброн ба қурбониҳои табиби кӯдакозор ё педофил
Чанд варзишкори амрикоӣ, ки баъди азияти ҷинсӣ аз тарафи табиби кӯдакозор ё педофил Ларри Нассар ба додгоҳ шикоят бурданд, барои дарёфти ҷубронпулӣ бо табиб ва Донишгоҳи аёлати Мичиган ба созиш расиданд.
Бар асоси ин созиш, донишгоҳ, ки табибро ба кор пазируфта буд, дар маҷмуъ ба қурбониҳои зӯроварии ҷинсӣ 500 миллион доллар мепардозад.
Бино бар созиш, нафарони хушунатдида, 425 миллион доллари ҷубронро байни ҳам тақсим мекунанд ва 75 миллиони боқимонда ба фонди махсус ирсол мешавад. Агар дар оянда қурбониҳои дигари Нассар садо баланд кунанд, пулҳои боқимонда ба онҳо дода хоҳад шуд.
Додгоҳи ИМА рӯзи 24-уми январ духтури пешини дастаи мунтахаби Амрико Ларри Насарро, ки бо баҳонаи ташхиси тиббӣ ба ноболиғон зӯроварии ҷинсӣ кардааст, ба муддати 175 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Дастикам 160 қурбонии ҷиноят, бо шумули гимнастҳои номдор, алайҳи Нассар шоҳидӣ доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ