Пулчинӣ дар Қараболо кори кист?
«ПР ГАП НАЗАН. ГАПА КАМ КН. ҲАМА ПЛ МЕТИЯН ТЫ ЧУВА НАМЕТӢ?»Корафтодагон мегӯянд, дар даромадгоҳи биноҳои рақами 2,4, 6 ва 8-и бемористони Қараболо аз ҳар нафаре ки вориди бино мешавад, сарфи назар аз онки мариз аст, ё ба аёдати касе омадааст, 10 сомонӣ пул мечинанд. Пулчинакҳо ба мардум ягон хел чек намедиҳанд ва маълум нест, ки ин «ҳаққи даромад ба бемористон” барои чист?
Тен Теншо, яке аз корбарони фаъол дар шабакаи Фейсбук дар як матлаб дар гурӯҳи «Мо – Тоҷикистонием!” хабар дод, ки дар бинои дуюми бемористони Қараболо шоҳиди аз ҳар нафаре, ки медарояд, пул чидан шудааст. Тен Теншо менависад: «Шаҳри Душанбе. Беморхонаи марказии Қараболо ( А.Сино). Корпуси 2 юм. Дар ошиёнаи аввалаш дар назди даромад марде миз (стол ) монда аз ҳамаи он касоне ки вориди беморхона мешаванд 10 сомонӣ мегариад. Ба саволҳои ШУМО КИ ҲАСТЕД ? БАРОИ ЧӢ БОЯД БА ШУМО 10 СОМОНӢ ДИҲЕМ ? ЯГОН ҲУҶҶАТ Ё АСНОДЕРО , КИ АЗ РУЙИ ҚОНУН ДАР ИНҶО НИШАСТАН ВА ПУЛ ЧИНДАНИ ШУМОРО АЗ БЕМОРОНУ НИЁЗМАНДОН ТАСДИҚ КУНАД, ДОРЕД ?
Танҳо як ҷавоб аст! ПР ГАП НАЗАН. ГАПА КАМ КН. ҲАМА ПЛ МЕТИЯН ТЫ ЧУВА НАМЕТӢ?
Савол чунин. Касе медонад, ки он пулҷамкунак кист ва барои чӣ ё кӣ пул ҷамъ мекунад ?
Духтурҳои корпуси 2 юм ҳам намедонанд ки кист ин пулҷамкунак ва барои ки ё чи пул ҷамъ мекунад.»
Чунин пулчинӣ дар бемористони Қараболоро корбарони дигар низ тасдиқ кардаанд. Танҳо Masuda Akilova навиштааст, ки дар тӯли ҳафта барои аёдати ҷиянаш ба Қараболо рафта буд ва дар корпусҳои 9,10 ва 11 чунин амалро мушоҳида накардааст: «Тӯли як ҳафтаи сипаригашта хамарӯза барои аёдати ҷиянам беморхонаи Қараболо рафтаам, ва дар корпуси 9,10,11 будам ягон нафари пулчинакро вонахурдаам. Ачиб аст, ки чаро дар корпуси 2 чунин амал аст?»
Shedfar Boevдар посух ба ӯ навиштааст, «9.10.11 ба нест. Аммо дар корпусхои 2. 4. 6. 8 хастанд.»
Антуанета Авейро низ навиштааст, ки дар корпуси 11 чанд сол боз чунин пулчинӣ вуҷуд дорад: «Дар корпуси 11 се соли охир пулчини буд!!! Хар вакте ки назди Рано Сувановна мерафтем як хамшира 10 сомони талаб мекард. Давоми таьмир онхоро ба бино дигар гузарониданд, он чой хам хаст.»
Ин матлаб баҳси гармеро дар Фейсбук ба по кардааст. Тен Теншо навиштааст, ки мардум набояд нисбат ба ин масъала бетарафӣ нишон бидиҳанд: «Бетараф истодан даркор нест. Пагоҳ дар сафи чунин «лохҳо» метавонад ягон хешу ақрабои шумо ворид шаваду аз вай пул ситонанд. Бояд бар зидди фасод ва ноадолатӣ якҷоя ба вазоратҳои дахлдор мубориза бурд.»
Ба ақидаи аксари корбарон, ҳар навъ пулчинӣ аз мардум бояд дар чорчӯби қонун сурат бигирад. Ва агар даромадан ба бемористон мисли осорхона ё кинотеатр пулакӣ шуда бошад, пас бояд пеш аз ҳама асосҳои қонунии ин амал ба мардум фаҳмонда шавад ва вақте пул меситонанд, дар ивазаш чеки қонунӣ бидиҳанд, то мардуми пулсупурда мутмаин шаванд, ки ин пул расман ба хазинаи беморхона меравад, на ба ҷайби пулчинакҳое, ки фаросаташон танҳо ба ҳамин қадар гап мерасад ки: «ПР ГАП НАЗАН. ГАПА КАМ КН. ҲАМА ПЛ МЕТИЯН ТЫ ЧУВА НАМЕТӢ?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ