Боз як садамаи писари мансабдори олимақом

Рӯзи 20 декабр писари як мансабдори баландпоя дар маркази шаҳри Душанбе бо мошини «Порше”, рақами давлатиаш TJ 00 10 AA 01, ду нафарро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Ҷабрдидаҳо дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.Дар ин бора сомонаи «Ахбор» хабар додааст.

Манбаи ин сомона бо ирсоли ду акс хабар додааст, ки дар таърихи 20 декабр писари як мансабдори баландпоя бо мошини «Порше” дар маркази пойтахти Тоҷикистон ду нафарро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Бино ба ин манбаъ, ҷабрдидаҳо дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.

Рақами давлатии мошине, ки ин ду нафарро зер кардааст, TJ 00 10 AA 01 будааст. Ин рақам ба истилоҳи роиҷ дар байни мардум, хеле «крутой» дониста мешавад.

Мошин ба Алишер Гулов, писари вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон Шералӣ Гул тааллуқ дорад. Исми Алишер Гулов моҳи ноябр дар робита ба як занозанӣ бо ситораҳои маъруфи эстрада дар яке аз клубҳои шабонаи Душанбе расонаӣ шуда буд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла вазорати дохила, то кунун хабари садама бо мошини «Порше” дар маркази Душанберо шарҳ надодаанд. Ба сомонаи «Ахбор» муяссар нашудааст, ки то лаҳзаи нашри ин гузориш назари наздикони Алишер Гуловро низ бигирад. Яке аз афроди наздик ба ин хонавода фақат гуфтааст, ки «Алишер бори аввал нест, ки дарди сар эҷод мекунад ва падари обрӯмандашро дар чашми мардум сарпаст мекунад.»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *