51 вагон кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

20-уми май Ҳукумати Тоҷикистон ба зарардидагони офати таббии Ӯзбекистон 51 вагон кӯмаки башардӯстона равон кард.

Кӯмаки хайриявӣ аз масолеҳи сохтмонӣ: семент, бомпуш (шифер) рангу мех иборат буда, тавассути қатора аз истгоҳи Роҳи Оҳан ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол дода шудаааст. Музаффар Юнусов, котиби матбуоти раиси вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ намуда, гуфт:
“Ин кӯмакҳо аз 51 қатораи боркаш иборат буда, барои расонидани он масъулин аз ҳукумати ҷумҳурӣ ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ вобаста шудаанд”,- гуфт Юнусов.
Рӯзи 2 уми май дар пайи боридани борони шадид обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон канда шуда, даҳҳо манзили маҳалро хароб кард. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 60 нафар маҷрӯҳ шуда, чанд нафари дигар ҳам ҳалок шудаанд.
«Наздики 70 нафар сокинони атрофи обанбор ба маконҳои бехавф дар вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах интиқол дода шуданд. Бештар аз 17 ҳазор нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд», — иттилоъ дода буд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *