Баҳси имоматӣ дар ҷанозаи Эшон
8 январ дар маросими намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус дар деҳаи Чимтеппа бар асари имоматии ин намоз байни муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва рӯҳониёни мӯътабар баҳс бархостааст. Рӯҳониёни шинохта хостори имоматии Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ будаанд, вале муфтӣ пойфишорӣ кардааст, ки ӯ бояд пеш бидарояд.
Рӯзи 8 январ дар намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус, писари калонии Эшони Абдураҳмонҷон ва бародари муовини аввали муфтӣ Абдулбасир Саидзода дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва гуруҳе аз рӯҳониёни шинохта бар асари имоматии ин намоз баҳс шудааст.
Рӯҳониёни шинохта, ки ҳанӯз шоми 7 январ, ба дунболи шунидани хабари даргузашти Эшони Абдуқудус ба Чимтеппа омаданд, шаб бо иттифоқи оро маслиҳат кардаанд, ки намози ҷанозаи Эшони Абдуқудусро Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз мӯътабартарин рӯҳониёни тоҷик бихонад.
Аммо дар рӯзи ҷаноза, ки соати даҳи рӯзи 8 январ доир шуд, муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода пойфишорӣ кардааст, ки бар асоси «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” намози ҷанозаро бояд ӯ имоматӣ кунад.
Дар банди 6.4-уми ин дастурамал, ки моҳи сентябр дар пайи таҳрири қонуни танзими расму ойин нашр шуд, чунин омадааст, ки «дар сурати иштирок доштани раиси Шӯрои уламои Марказиисломии Тоҷикистон дар маросими ҷаноза ҳаққи хондани намози ҷаноза ба ихтиёри ӯ вогузор мешавад.”Ин банд ба ин дастурамал, ба гуфтаи афроди огоҳ, низ бо пойфишории Абдулқодирзода ворид карда шуд, чунки дар гузашта низ дар чанд намози ҷаноза соҳибони мурда ҳаққи имоматиро на ба муфтӣ, балки ба дигар рӯҳониёни нуфузашон болотар супурда буданд.
Яке аз рӯҳониёни бонуфуз, ки дар маросими намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус ширкат дошт, дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” ба шарти набурдани номаш гуфт, азбаски дар намози ҷаноза мардуми зиёде ҷамъ шуда буд, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ба хотири он ки мардум ба шӯр наоянд, ба имоматӣ дар ин намоз исрор накард ва дар намози ҷанозаи Эшони Абдуқудус муфтӣ пеш гузашт.
Аммо, мегӯяд ин ҳамсӯҳбати мо, пешхезии муфтӣ рӯҳониёни мӯътабари дар Чимтеппа ҷамъшударо нороҳат кард: «Як масъала мақом аст ва як масъалаи дигар – эътибору нуфуз. Муфтӣ Саидмукаррам аз нигоҳи мақом мансаби баланд дорад, вале аз нигоҳи нуфузу эътибор бо шахсиятҳое, чун Домулло Ҳикматуллоҳ ё Эшони Элокӣ, ки низ онҷо ҳузур доштанд, қобили муқоиса нест. Дар чунин ҳолатҳо рӯҳониёне, ки мақоми баланд доранд, барои мисол, имомхатибон маъмулан ҳаққи имоматиро ба рӯҳониёни аз онҳо бонуфузтар муроот мекунанд. Ва агар он рӯҳонии мӯътабар аз имоматӣ даст кашид, он вақт имомхатиби расмӣ ва он ҳам бо ризоияти бузургон пеш медарояд. Дар намози ҷанозаи бобои Эшон ин назокатро ҷаноби муфтӣ, мутаассифона, як каме риоят накарданд, ки метавонист сабаби озурдагии бузургон шавад.”
Эшони Абдуқудус нимаи дуюми рӯзи 7 январ, дар роҳи бозгашт аз бемористон вафот кард. Турбати ӯро баъди адои намози ҷаноза аз Чимтеппа ба зодгоҳаш – деҳаи Қалъаи нави минтақаи Оби Гарм, дар 90-километрии шарқи Душанбе бурда, ба хок супурданд.
Дар гузашта низ дар Тоҷикистон дар чанд маврид байни рӯҳониён бар сари имоматии намози ҷаноза баҳсҳое бархостааст.
Яке аз пурсарусадотарин чунин баҳсҳо баҳсе буд, ки 4 сол пеш дар маросими ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ном сокини деҳаи Оли Сомон (собиқ Олий Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ байниҶамолиддин Амонуллоҳзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи минтақаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонуллоҳ Неъматзода, ва рӯҳонии маъруфНуриддинҷон Тӯраҷонзодасурат гирифт, ки дар маҳофил ба он ҳатто «муллоҷанг” ном дода буданд.
Аз наворе, ки корбаре бо номиТемур Тешаеврӯзи 21 январ дар сомонаи Ютюб нашр кард ва онро то имрӯз алакай 14 053 нафар тамошо кардаанд, дида мешавад, ки Ҷамолиддин Амонуллоҳзода Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаро имкони ваъз гуфтан ба мардуми гирдомада намедиҳад. Тӯраҷонзода бидуни онки бо писари муфтӣ вориди баҳс шавад, муроҷиати кӯтоҳе ба мардум кард, ки «таъзияи маро ғоибона қабул кунед” ва аз минбар пойин шуд.
Аммо Амонуллоҳзода микрофон дар даст ба танбеҳи лафзӣ алайҳи Тӯраҷонзода идома дод ва аз ҷумла гуфт:«Ин ноҳия соҳиб дорад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар куҷое ки ҷаноза бошад, ҷанозахониатон намемонам, худам мехонам.Васияташ ин аст, ки ин(марҳум) муриди ман аст, муриди падарам аст. Изо намекашед? Айб аст! Аз Худо битарсед ва дар байни мардум фитна накоред.”
Эшони Нуриддинҷон ба баҳс ворид нашуд, балки оромона канор рафт. Аммо даъвои Ҷамолиддин Амонуллоҳзода бо ин рӯҳонии маъруф ба мавҷи эътирозҳо дар байни издиҳом печид.
Наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ низ бо эътироз гуфтанд, ки даъвати Эшони Нуриддинҷон барои хондани намози ҷанозааш васияти худи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ буд ва ба ин далел аз Амонуллоҳзода хостанд, ки минбарро барои Тӯраҷонзода холӣ кунад.
Ҷамолиддин Амонуллоҳзода ночор ақиб нишаст, вале ба хотири доман назадани ихтилоф намози ҷанозаро на Тӯраҷонзода, балки яке аз наздикони марҳум хонд
Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ