52 духтари мактабхон заҳролуд шуданд

Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон даҳҳо духтари муҳассили синфҳои болоӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд. Довудшоҳ Сафарӣ, раиси департаменти маорифи вилояти Ҳилманд дар гуфтааст, ки рӯзи 2 апрел дар маҷмӯъ 52 духтар ба бемористони шаҳри Лашкаргоҳи воқеъ дар маркази Ҳилманд интиқол ёфтанд.Доктор Нисор Аҳмад Борак гуфт, ки духтарҳо аз дарди сару дилбеҳузурӣ шикоят карданд. Вай гуфт, ки баъди ёрии тиббӣ ҳолати ҳамаи онҳо мӯътадил шудааст. Маълум нест, ки ин чӣ мушкиле будааст ва агар заҳр буд, чӣ навъи заҳр аст.Духтарҳое, ки ба бемористон оварда шуданд, муҳассилони солҳои 10 ва 11 мактаби Марказии духтаронаи Лашкаргоҳ мебошанд. Дар макони ҳодиса вазъро ходимони полис ва мутахассисони дигар таҳқиқ мекунанд.Аксари қисматҳои Ҳилманд зери назорати Толибон мебошад ва ин гурӯҳ бо мухолифати шадидаш бо таҳсили духтарҳо маъруф мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *