53-сола. Вазири нави маориф ва илм кист?

Раҳимҷон Саидзода, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон, ки ҷойгузуни академик Муҳаммадюсуф Имомзода гардид, 53 сол дошта, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.

ТАҲСИЛ

Ӯ баъди хатми мактаби миёна солҳои 1986-1993 дар факултети автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) таҳсил намудааст. Дар вақти таҳсил, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ш. Горкий, Федератсияи Россия) хизмати ҳарбӣ намудааст.

ФАЪОЛИЯТ

Баъди  хатми  донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1993 дар кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба ҳайси ассистент оғоз намуда, баъдан дар вазифаи муаллими калон ва дотсент идома додааст. Аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2003 дар вазифаи сардори бахши илмӣ-тадқиқотӣ, солҳои 2003-2005 мудири кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология», солҳои 2004-2005 ноиби ректори донишгоҳи мазкур оид ба тарбия ва солҳои 2005-2009 директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи июни соли 2009 фаъолияташро дар Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввал ба ҳайси сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ оғоз намуда, аз соли 2010 ба ҳайси муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф идома додааст.

Аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи феврали соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2017 ба тариқи гузариш дар вазифаи сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Номбурда солҳои  2017-2022 дар вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва баъдан директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Маскав дар шаҳри Душанбе фаъолият доштааст.

ҚАДРДОНӢ

Раҳимҷон Саидзода бо мукофотҳои гуногун қадршиносӣ шудааст. Аз ҷумла, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1999), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Ифтихорномаи Кумитаи  иттифоқи касабаи кормандони илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003) ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон (2009).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *