54 тоҷикистониро аз Вуҳан ба ватан оварданд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 54 шаҳрванди Тоҷикистонро, аз шаҳри Вуҳани Чин — маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан баргардонид. Хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com
Ҳавопаймо имрӯз соати 6-и субҳ дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ» фуруд омад ва ба гуфти мақомоти Тоҷикистон, 54 нафари овардашуда, ки 45 нафарашон донишҷӯ ҳастанд, муддати ду ҳафта зери назорати табибон хоҳанд монд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 9 феврал ҳавопаймои «Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Вуҳан парвоз карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ