55.555 сомонӣ – мукофоти «Формула-55» ба Дилшод Назаров
Маросимҳои арҷгузории чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров дар кишвар давом дорад.
Аз ҷумла ширкати «Формула 55» аз саҳифаи расмиаш дар сомонаи Фейсбук иттилоъ додааст, ки 8 октябри соли равон дар спорт-бари «Истиқлол» вохӯрии мутахассисону мухлисони варзиш ва рӯзноманигорон бо Чемпиони Олимпиадаи Рио-2016 гурзпартои номӣ Дилшод Назаров доир гардид. Директори генералии ширкати мазкур Неъмат Ҷалолидинов Дилшод Назаровро барои саҳми беназираш дар рушди варзиши тоҷик таҳният гуфта, ӯро бо сертификати маблағаш 55.555 сомонӣ мукофотонид.
Ин мукофоти дуюми пулӣ барои Д. Назаров маҳсуб меёбад. Мукофоти аввалро дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ ва ордени Шараф дараҷаи I-ро ба чемпиони олимпӣ Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ