56 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ аз Хатлон аст

56 фоизи маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ба вилояти Хатлон рост меояд.

Дар бора зимни баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» иттилоъ дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, 62 фоизи ғаллаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, 67 фисади пахта, 52 фоизи пилла, 60 фоизи сабзавот, 78 фисади зироати полезӣ, 60 фоизи гӯшт, 42 фоизи шир ва 43 фоизи маҳсулоти саноатӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.

Масоҳати заминҳои обёришаванда дар вилоят 338 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки он ба 45 фоизи тамоми заминҳои обии ҷумҳурӣ баробар аст.  Танҳо соли 2023 дар вилоят зиёда аз 1,1 миллион тонна ғалла, 1,8 миллион тонна сабзавот, 227,3 ҳазор тонна картошка, 276,2 ҳазор тонна мева, 125,0 ҳазор тонна ангур ва 229 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Ҳамасола аз вилоят ба дигар давлатҳо қариб 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *