САНАД, Ё ТӮҲФА БА ЗОДРӮЗИ БАНДАИ ГАНДА
Имрӯз, пагоҳии барвақт маро ба шӯъбаи кадрҳо даъват карданд.
Хеле зуд аз хоб бархостаму ришу фашамро ба эътидол овардам ва ба сару рӯям атри арзонбаҳои хешро пошидаму костюми ягонаи аз даври Шӯравӣ боқимондаамро ба бар кашидам ва бо техникаи ягонаи бо пулҳои ҷамъовардаам ва бо лутфи Худованд насиб гардидаам, яъне бо пойҳои умре педали мошинро зернакардаам, бо карру фар ба сӯи корхонаи муштараки тиллоистеҳсолкунии Чину Тоҷикистон «Зарафшон» роҳ пеш гирифтам.
Дар утоқи корӣ дар шӯъбаи кадрҳои корхона ду нафар менишастанд. Гуфтам:
-Маро даъват кардаанд. Магар ба кори бенуқсони зиёда аз бистсолаам, ба ман тӯҳфае медиҳанд?
Онҳо гуфтанд:
— Туро ҳамкори мо Холмуҳаммади Зиё даъват кардагӣ. Тӯҳфаро дар хобат мебинӣ.
Чун соат қадре аз ҳашт боло рафт, ҷавонмарди сертанутӯше салона-салона
вориди утоқ гардид. Гуфтанд:
-Ана, шахси ворид шудагӣ Холмуҳаммад аст.
Ӯ ба як виқори махсус ба сӯи мизи кориаш рафту сандуқи оҳанинро кушод ва маро даъват намуду фармон дод:
-Зуд ба ин фармоиш имзо гузору аз паи кори хеш шав!
Гуфтам:
-Ин чӣ фармоишест?
Гуфт:
— Магар намедонӣ, ки шонздаҳуми май ту ба шасту се солагӣ мерасӣ ва бояд ман туро огоҳ намоям, ки санаи ҳабдаҳуми май ҳуқуқи ба корхона по гузоштанро надорӣ.
Гуфтам:
— Ман бе хабар додани ту ҳам аз синнусолам хабардорам. Магар дар ин бора қароре ҳаст? Ҳафтае пеш дар шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Қодирии 65-сола вазифаи нав гирифт.
Ман мансабе надорам, танҳо бо маоши ночизи посбонӣ, ки худам маҷрӯҳи гурӯҳи сеюмаму ҳамсарам гирифтори касалиҳои шадиди сил ва қанд аст ва фарзандаму занаш ва се нафар фарзандони онҳоро нигоҳубин мекунам, зиндагиямро пеш мебурдам. Ман як ҳисса замин, ё моле надорам, ки рӯзгорамро пеш барам. Ман ба фармони ту имзо намегузорам.
Ин сухани ман ба гӯши ин хидматгори чиниён нафорид ва таҳдид намуд:
-Агар имзо нагузорӣ, мо санад тартиб медиҳем ва туро ба имзо нагузоштан айбдор менамоем.
Мани бемор аз ин таҳдиди Холмуҳаммад ҳаросон баъди ба таги забон партофтани чанд дона ҳаби таскиндиҳанда ба азоб бо фишори баланд ба хона расидам ва атри эҳтиётан задаамро зуд шустаму костюми ба умед пӯшидаамро аз тан бадар намудам ва дар бистар барои ба мурдан омода шудан дароз кашидам. Яъне ҳукми қатл дар зодрӯз.
Хушомадгӯёни чиниҳо дар давоми се соли баъди сафари 18.10-2015 анҷомдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи муштараки «Зарафшон» зиёда аз 400 нафар коргарро аз кор ронданд ва ҷои онҳоро бо чиниҳо пур карда истодаанд.
Балегӯёнашон бо чанд тангаи онҳо тафохур намуда пеши ин роҳро намегиранд. Сабаби ба ҷашни Наврӯз маро хабар накардани Ҳукуматдорони Панҷакат ҳам ҳамин буд, то ки аз забони ман ҳарфи ноҷое дар ҳузури Пешво набарояд.
Ҳукуматдорон андеша намекунанд, ки ҳар нафаре, ки чиниҳо аз кор меронанд, зарбаи хурдест ба бюжети шаҳр, вилоят ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз чашми ҳама ба сӯи бинои прокуратураи шаҳри Панҷекат аст, чунки танҳо ин фарди ҷонсупурдаи миллату Меҳан дар ин шаҳр мушовири адлияи дараҷаи якум, дар ҳақиқат прокурори мардумӣ Авазҷон Назарзода пеши роҳи бедодгарии чиноиҳо ва ҳаммаслаконашонро гирифта метавонаду бас.Агар пеши роҳи ин бедодгарӣ гирифта нашавад, дар солҳои наздик дар корхона танҳо хитоиҳо мемонанду аҳолии гирду атрофи коргоҳ танҳо заҳри онро нафас мекашанду бас.
Оё дар Тоҷикистон қонуне вуҷуд дорад, ки нафақахӯрро дар рӯзи зодрӯзаш аз кор ронанд? Ё ин қарори вакилони ба умед интихобкардаи мост?
Дилам дар синаам нагунҷида истодааст. Шеър ҳам гуфта наметавонам, вале ин чанд мисраъро ба подоши тӯҳфаи ба зодрӯзам тақдимкардаи Холмуҳаммади Зиё ва ҳаммаслаконаш мегардонам.
ШИКАСТАНД
Яқин имрӯз рӯҳамро шикастанд,
Вуҷуди ҳамчу кӯҳамро шикастанд.
Шӯкуҳе доштам дар синаи хеш,
Ба дашноме шукӯҳамро шикастанд.
Дилам мехост шарҳи дил нависам,
Ҳама лавҳи ҷурӯҳамро шикастанд.
Хаёлам сайр дар афлок мекард,
Ҳама файзу футуҳамро шикастанд.
Дар аввал ҷисми зорам ғарқ карданд,
Сипас киштии Нуҳамро шикастанд.
Маро карданд помол ин хабисон,
На девори сутӯҳамро шикастанд.
Худоё, хайр дар олам набинанд,
Ҳамон касҳо, ки рӯҳамро шикастанд.
Аз сомонаи tajikistantimes:
Устод Исмоил Зарифӣ солҳост,ки дар хизмати мардум қарор дорад ва ҳамчун шоиру журналисти ҳақгӯ дар байни ҷомеа обрӯю нуфузи хоссаеро соҳиб аст. Бо аксари нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ ҳамкории хубе дошту дорад. Чунин муносибати як мансабдор ба ин шахсияти фарҳангӣ сабаби озурдагии на танҳо ӯ, балки садҳо нафар мардуми зиёӣ аст, ки имрӯз дар назди чунин шахсони аз фарҳанг дур хор шудаанд. Албатта ин нафар шоистаи он нест, ки бо чунин шева аз кор ронда шавад. Умедворем, ки роҳбарияти ноҳия дар мавриди шоир Исмоил Зарифӣ ҳанӯз сухани охирини худро нагуфтаанд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ