Кишвари якуми сераҳолӣ
Иқтисодиёти он чӣ гуна рушд дорад?
Ҳафтаи сипаришуда мардуми Покистон 69-умин солгарди истиқлолияти давлаташонро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат мо ба cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро мусоҳиб шудем.
— Ҷаноби cафир, дар оғози суҳбат мегуфтед, ки Покистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардид?
— Пеш аз ҳама, ба рӯзномаи «Тоҷикистон» барои таваҷҷуҳ ба ҷашни 69 – солагии соҳибистиқлолии Покистон изҳори сипос мекунам. Вақте ки 14 августи соли 1947 Покистон истиқлолият ба даст овард, кишвари аграрию нодор буд. Аз он давра иқтисодиёти ҷумҳурии мо борҳо дучори поёнравию баландшавиҳо гардид. Суръати рушди иқтисодиёти Покистон дар ин давра аз 4% то 7%-ро ташкил дод. Имрӯз Покистон аз ҷиҳати иқтидори харидорӣ дар ҷаҳон ҷойи 25-ум ва аз лиҳози ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (285 миллиард доллар) ҷойи 38-умро мегирад. Даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба 1560,7 доллари ИМА расид.
Тавре медонед, аз соли 2001 инҷониб Покистон дар муборизаи глобалӣ бо террор дар сафи пеш қарор дорад. Дар натиҷа мо натанҳо 80000 нафар корманди ҳифзи тартибот ва сокинони осоиштаро аз даст додем, балки 188 миллиард доллар зарари молиявӣ низ дидем. Обхезии солҳои 2010-2011 низ ба иқтисодиёти Покистон, алалхусус соҳаи кишоварзӣ зиёни калон расонид.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки аҳолии Покистон тайи 10 соли охир 40 миллион нафар афзуд. Имрӯз ҷумҳурии мо бо аҳолии 180 миллионнафараи худ, шашумин кишвари сернуфузи ҷаҳон ба шумор меравад. Чунин рушди босуръати аҳолӣ боиси афзоиши талабот ба энергия гардид. Аз ин лиҳоз, мо имрӯз бо норасоии шадиди энергия рӯ ба рӯ гаштаем, ки ин ба рушди саноат таъсири манфӣ мерасонад.
Новобаста аз ин мушкилот Покистон ба шарофати сиёсати дурусти пешгирифтаи ҳукумати кунунӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) низ дурнамои равшани иқтисодиёти Покистонро пешгӯӣ кардаанд. Оғози моҳи равон Покистон ва ХБА оид ба Ҳисоботи 20-уми маблағгузории васеъ (ЕFF) дар ҳаҷми 6,4 миллиард доллар гуфтушунид анҷом доданд.
Мо имсол ба рушди солонаи ММД дар сатҳи 4,71% ноил гаштем, ки тайи 8 соли охир натиҷаи баландтарин аст. Соли оянда афзоиши ММД 5,7 % пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки ин рақам соли 2018 ба 7% бирасад.
— Рушди иқтисодиёти Покистон ба сатҳи зиндагии аҳолӣ чӣ гуна таъсир расонид?
— Дар доираи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи СММ Покистон дар бобати паст кардани сатҳи камбизоатӣ тайи 15 соли охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Сатҳи камбизоатӣ аз 34,6% дар соли 2001 ба 9,3% дар соли 2015 расид. Ҳукумати мамлакат бо ёрии Барномаи дастгирии даромадҳо, ки «Беназир» (BiSP) ном дошта, аз ҳама бузургтарин дар таърихи кишвар мебошад, сатҳи камбизоатиро паст карда истодааст. Агар соли 2013 барои дастгирии барномаи BiSP аз буҷет 400 миллион доллари ИМА ҷудо шуда бошад, соли 2016 ин рақам 1 миллиарду 150 миллион долларро ташкил дод. Ин маблағ барои беҳтар кардани зиндагии 5,45 миллион нафар сокинони оилаҳои камбизоати Покистон мусоидат мекунад. Комёбиҳои Покистон дар самти мубориза бо камбизоатиро ба инобат гирифта, бисёр кишварҳои нодор ва рӯ ба тараққӣ мехоҳанд аз таҷрибаи Покистон баҳравар шаванд.
Ҳоло мо баҳри то моҳи марти соли 2018 зам кардани боз 10 000 мегаватт неруи барқ ба шабакаи миллии энергетикӣ кор бурда истодаем. Оғози лоиҳаи CASA – 1000, ки чанде пеш дар шаҳри Турсунзода доир гашт, яке аз қадамҳо баҳри амалишавии ҳадафҳои мазкур мебошад.
Ғайр аз ин, аз 46 миллиард доллари ИМА, ки барои бунёди камарбанди иқтисодии Чину Покистон пешбинӣ шудааст, 34,4 миллиард доллараш ба сохтори энергетикӣ барои илова намудани боз 17000 МВТ неруи барқ ба шабакаҳои барқи Покистон ҷудо мешавад. Маблағи боқимонда ба таъсиси инфрасохтори нақлиётӣ ва такмили бандари Гвадар сарф хоҳад шуд. Лоиҳаи мазкурро «Гейм-Чейнҷер» (инқилобӣ) мегӯянд, зеро он натанҳо боиси рушди иқтисодиёти Покистон мешавад, балки ба гулгулшукуфии тамоми минтақа мусоидат мекунад.
— Алҳол робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон дар кадом сатҳ қарор дорад?
— Робитаҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои дӯсту бародари мо сол то сол мустаҳкамтар мешавад. Масалан, соли 2011 ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 миллион долларро ташкил медод. Баъди се сол ин рақам ба 90 миллион доллар расид. Зимни сафари Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Душанбе моҳи июни соли 2014 сарварони ду кишвар барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ҳошияи тавофуқоти мазкур мо аз моҳи октябри соли 2015 то ин дам се маротиба намоиши маҳсулоти Покистонро дар Тоҷикистон доир намудем. Дар назар аст, ки Созмони рушди тиҷорати Покистон аз 30-юми сентябр то 2 –юми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти Покистонро баргузор намояд. Аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон 40 миллион долларро ташкил дод. Ман боварӣ дорам, ки тибқи пешбиниҳои роҳбарони кишвар ҳаҷми робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон дар се соли оянда ба 500 миллион доллар хоҳад расид.
— Ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе – Лоҳур ба омадурафти сайёҳон чӣ гуна таъсир расонид?
— Кушодашавии хатсайри мазкур хеле саривақтӣ ва зарурӣ буд. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» хатсайри Душанбе — Лоҳурро бо мақсади рушди туризм ва тиҷорат ба роҳ монд. Мутаассифона, ин хатсайр, ки ду бародаршаҳрро бо ҳам мепайваст, ҳатто 6 моҳ ҳам идома наёфта баста шуд. Се моҳ барои аз лиҳози тиҷоратӣ баҳо додани хатсайр кифоя нест.
Ба андешаи ман бе мавҷуд будани хатсайри мустақими ҳавоӣ афзудани теъдоди сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар мушкил аст. Аз ин рӯ, ҳар ду ҷонибро зарур аст, ки вариантҳои алтернативиро омӯхта, барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон иқдом намоянд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда соли 2015 743 шаҳрванди Покистон меҳмони Тоҷикистон шуданд. Дар моҳҳои январ- июни соли равон ин рақам 340 нафарро ташкил дод. Агар хатсайри ҳавоӣ барқарор шавад, ин нишондиҳанда боз ҳам бештар хоҳад шуд.
— Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистонро чӣ гуна мебинед?
— Алҳол роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯст дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон муҳтарам Муҳаммад Навоз Шариф натанҳо барои сулҳу субот дар кишварҳои худ, балки тамоми минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Миёни ду кишвари бародар 55 санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату энергетика, рушди инфрасохтор ва амнияту мудофиа аз ҷумлаи афзалиятҳо дар робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон ба шумор мераванд. Боварӣ дорам, ки лоиҳаи CASA- 1000 самаранок амалӣ шуда, ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвари бародар ба 500 миллион доллар мерасад.
Мусоҳиб:
Сайфиддин СУННАТӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ