Душанбе: «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» баргузор мешавад
Соли ҷорӣ бо ташаббуси агентии рекламавии “Тайрон”-и назди медиахолдинги “Оила” бори панҷум лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид. Тӯли панҷ сол ин лоиҳа дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баландро пайдо кардааст.
Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» тарғиби маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва қадрдонӣ намудани заҳмати афродест, ки бо меҳнату заҳмати хеш рӯи дастархони моро пурфайзу баракат гардонида, зиндагии мардумро гуворотару ободтар месозанд. Имсол дар озмун чӣ корхонаҳои бузургу машҳур ва чӣ навташкилу хурди ватанӣ, ки дар соҳаҳои истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзида, барои ба даст овардани ҷоизаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» аз рӯи 24 номинатсия қувваозмоӣ намуданд. Қариб 30 ҳазор тоҷикистониён барои тамғаи писандидаи хеш тавассути сомонаи tajikistantimes.com райъ доданд. Ҳамчунин тариқи суҳбат бо истеъмолкунандагон дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳо пурсишҳо гузаронида шуданд.
12 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Ридженси Душанбе» маросими ботантаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Рӯзҳои 13, 14, 15 май дар бинои Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар доираи лоиҳаи мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо, расонаҳои ВАУ иштирок хоҳанд намуд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти хӯрока, аз қабили маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, ҳасибҳо, қаннодӣ, нону макарон, маҳсулоти консервшудаву донагӣ, шарбату нӯшокиҳо, ҳамчунин молҳо барои хона, таъмиру сохтмон, дастгоҳҳои таббохӣ ба тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд. Ҳамчунин дар ярамарка корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои хизматгузор, шабакаҳои нуқтаҳои савдо иштирок мекунанд.
Онҳое, ки ба намоишгоҳ-фуруш ташриф меоранд, имконият доранд маҳсулоти писандидаашро чашанд ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо нархи дастрас онҳоро харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин барои ташрифоварандагон иштироккунандагони намоишгоҳ бозиҳои гуногун гузаронида, ғолибонро бо туҳфаҳо сарфароз менамоянд.
Ташкилкунанда: агентии рекламавии “Тайрон”
Шарикон: Палатаи Савдо ва Саноати ҶТ, Медиахолдинги «Оила»
Шарикони иттилоотӣ: Радиои «Ватан», сомонаи tajikistantimes.com ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон», «Оила», «Рекламная газета».
Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони И. Сомони 3,
Тел: (+992) 918 62 77 55, (44) 6013595
E-mail: [email protected]
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ