6 апрел: Рӯзи ташхису муоинаи ройгон дар сатҳи кишвар
Имрӯз дар сартосари кишвар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гашта истодааст. Бахшида ба ин рӯз дар тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар хизматрасониҳои тиббии ройгон роҳандозӣ шудааст.
Имрӯз дар сартосари кишвар Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гашта истодааст. Бахшида ба ин рӯз дар тамоми муассисаҳои тандурустии кишвар хизматрасониҳои тиббии ройгон роҳандозӣ шудааст.
Камолзода М. муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар нишасти имрӯза қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ аз соҳаи муҳими кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола сифати хизматрасони дар ин самт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.
Ба саволи хабарнигори сомона, ки “Пардохти хизматрасонии тиббӣ ба мардуми камбизоат чӣ мушкилӣ пеш меорад?”, номбурда чунин гуфт:
-Тибқи Қарори 600 “Оиди расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ” банди махсус ҷой дода шудааст, ки махсусан барои табақаи ниёзманди аҳолӣ равона шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки нафарони ниёзманд дар ҷамоати деҳоти зисташон қайд шудаанд ва бо пешниҳоди маълумотнома ройгон аз тамоми хизматрасониҳои тиббӣ истифода мебаранд.
Марте Эверд, роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон низ қайд карданд, ки мушкилии камбизоатӣ натанҳо дар Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳо низ ба назар мерасад.
Ногуфта намонад, ки бемориҳо, аз ҷумла, бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ рӯ ба инкишоф аст. Мо намояндагони ТУТ барои аз байн бурдани хизматрасонии пулакӣ бо Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва як чанд идораҳои дахлдор машварат карда истода, барои роҳандозӣ намудани суғуртаи тиббӣ чораҳо андешида истодаем, то ки шаҳрвандон барои муолиҷаи беморӣ аз ҷайби худ камтар маблағ сарф намоянд.
Хонум Марте ҳамчунин афзуд, ки эмгузаронӣ яке аз барномаҳои калидии ташкилоти мо маҳсуб ёфта, на танҳо СММ балки дигар ташкилотҳои марбута ба он диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Камолзода М, ки бо дастгирии ТУТ барномаи офиятбахширо ба одамони дорои маълулиятро таъсис додааст. Дар соли 2014 тибқи ин барномаи 85 дарсади одамони аз фалаҷ зарардидаро дар 30 ноҳия фаро гирифтаанд.
Танҳо дар соли 2017 170 000 нафар мардону занон ва кӯдакон аз барномаи мазкур истифода намуданд. Аз соли 2017 то 2020 барнома идома дода мешавад, ки чунин нафарон ҳамаҷониба ба хизматрасониҳои тиббӣ фаро гирифта шуда, ройгон кумак расонида мешавад.
Номбурда ҳамчунин ба фаъолияти кумаки аввалияи тиббӣ-санитариро баҳои баланд дода, афзуд, ки зиёда аз 70-80 фоизи талаботи мардум аз хизматрасониҳои тиббӣ дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт аз системаи пурқуввати КАТС вобастагӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ