6 июл ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок маҳдуд мешавад
Бино ба иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, 6 июл ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок маҳдуд хоҳад шуд.
Далели ин иқдом “таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои лоиҳаи “CASA-1000” гуфта мешавад. Ба иттилои манбаъ, “аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи “Варзоб ГЭС”-и шаҳри Душанбе то мавзеи “Такфон”-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад”.
БДА аз аз ронанда ва шаҳрвандон хоҳиш кардааст, дар ин рӯз аз сафар худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ