6 паҳлавони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон мераванд

Дар Чемпионати навбатии ҷаҳонии куштӣ, ки аз 16 то 24-уми сентябр дар кишвари Сербистон баргузор мешавад, 6 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулмаҷид Қудиев (то 65 кг), Мустафо Ахмедов (то 70 кг), Магомед Евлоев (то 74 кг), Шуҳрат Бозоров (то 79 кг), Асламҷон Азизов (то 60 кг) ва Фирўз Мирзораҷабов (то 67 кг) шомиланд, ки чор тани аввал Тоҷикистонро дар мусобиқоти куштии озод ва дуи охир дар куштии юнониву румӣ намояндагӣ мекунанд.

Иштирокчиёни ин мусобиқа ҳамчунин барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024, ки дар Париж баргузор мешавад, низ рақобат хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, варзишгарон барои 90 квота мубориза мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *