60 ҳазори шаҳрванди фахрии Хуҷанд ба фонди мубориза алайҳи Covid-19
Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Исохӯҷа Каримхӯҷаев, ки худ собиқадори соҳаи тандурустӣ аст, маблағи харочоти сафари Ҳаҷро ба суратҳисоби махсуси кишвар, ки барои пешгирии сироятёбии каронавирус Covid-19 кушода шудааст, ирсол намуд.
Ин фард алҳол 20 ҳазор сомонӣ пардохт намуд. Дар давоми ҳафта боз 40 ҳазор сомонии дигар ба суратҳисоби махсуси Ситод оид ба пешгирии бемории каронавирус интиқол хохад дод. Ҳадафи ӯ, ин пеш аз ҳама кӯмак ба табибону беморон махсуб меёбад.
Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Исохӯҷа Каримхӯҷаев 75 сола мебошад, мегӯяд, ки давоми собиқаи кориаш 4 навъи беморихои махсусан вазинини сироятиро халқи тоҷик аз сар гузарондааст. Масалан, бемории сироятии буғма буд, ки аз хисоби ин маризи кудакони зиёд фавтида буданд. Аз ин рӯ, бояд имрӯз халқ иттифоқ бошаду ба ваҳму воҳима дода нашавад. Ӯ мегӯяд, пешгирии ҳамаи беморихои сироятӣ ва бактериологӣ, ин пеш аз ҳама, риояи дурусти гигенаи шахсӣ ва истифодаи маводи яккарата ҳангоми истеъмоли хӯрокҳо аст.
Ҳамчунин, сару либосро ҳатман дарзмол карда, баъд онро ба бар намуд. Агар имкон бошад, сачоқ, дастпоккунак ва руйпоккунахоро дарзмол бояд кард. Чунки ҳарорати баланди дарзмол боиси нест ва нобуд шудани вирус ва бактерияҳо шуда метавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ