60 ҳазор сомонӣ ҷарима барои 6 ҳазор сомонӣ пора

Додгоҳи Хуҷанд як сокинро, ки бо ваъдаи сабук кардани ҳукми додгоҳи ҳарбӣ дар нисбати як сарбоз, аз наздикони ӯ пул гирифта буд, ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Аз додгоҳи Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин сокин бо ҷурми “қаллобӣ” айбдор мешавад. Ин ҳукм ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромада, аз айбдоршуда ном бурда намешавад. Танҳо гуфта мешавад, ӯ ҷавони 26- сола ва бекор будааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, ӯ аз наздикони як сарбоз, ки барои “авбошӣ” айбдор мешуд, бо ваъдаи сабук кардани ҳукми додгоҳ, 6 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Вале сарбоз аз сӯи додгоҳи низомӣ ба 6 соли ҳабс маҳкум гардид ва наздикони ин сарбоз алайҳи фарде, ки ба ӯ пул дода буданд, ба мақомот шикоят бурдааст. Додгоҳ мегӯяд, дар сурати дар тайи 30 рӯз пардохт нашудани ҷарима, ҳукми ҷавони айбдоршуда тибқи Кодекси Ҷиноӣ ба зиндон иваз карда хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *