60 соли салтанати Оғохони IV, Ҳозиримоми исмоилиён

Аз 11 июл исмоилиёни ҷаҳон ба таҷлили солгарди 60-уми ба мақоми имоми исмоилиҳо омадани шоҳзода Карим Оғохон шурӯъ мекунанд. Оғохони IV 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оғохони III раҳбарии ин равияи мазҳабиро ба дӯш гирифт.

Таҷлили ҷашни алмосӣ, ё солгарди 60-уми ба раҳбарии исмоилиёни ҷаҳон омадани шоҳзода Карим Оғохони IV аз 11 июли соли 2017 оғоз ёфта, дуруст як сол – то 11 июли соли 2018 давом хоҳад кард. Карим Оғохон ваъда додааст, ки дар тӯли ин маъракаҳои таҷлили ҷашни алмосиаш ҳаддалимкон аз тамоми ҷомиаҳои исмоилиён, ки дар саросари дунё паҳну парешон шудаанд, боздид хоҳад кард.

Ба муносибати ҷашни Карим Оғохони 81-сола, ки пайравонаш ӯро Ҳозиримом ва Мавло ном мебаранд, исмоилиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳову аксҳои худро бо наворҳои марбут ба ҷашни алмосии Ҳозиримом зиннат медиҳанд, ҳунармандони исмоилӣ ба муносибати ин ҷашн таронаҳои вижа таҳия мекунанд ва дар ҷомиаҳои исмоилӣ ба ин муносибат маъракаҳои пуртантана дар ҳоли омода шудан аст.

Бахши аъзами сокинони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пайрави мазҳаби исмоилия буда, Карим Оғохонро имоми худ мешуморанд. Карим Оғохон бори аввал соли 1995 аз Бадахшони Тоҷикистон боздид кард ва рӯзи аввалин сафари ӯ ба ин минтақа ҳамчун Рӯзи Нур ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Карим Оғохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Падари ӯ Алӣ Салмон Хон ва модараш Тоҷуддавла Алӣ Хон (Ҷоанн Ярд Баллер, духтари барон Чёрстон) мебошанд.

Каримо Оғохон маълумоти миёнаро дар Institut Le Rosey – яке аз мактабҳои мӯътабари Швейтсария гирифта, соли 1959 Донишгоҳи Ҳарварди Амрико – яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии дунёро хатм кардааст.

Бобои ӯ Муҳаммад Оғохони III қабл аз вафоташ мақоми имоми исмоилиҳоро на ба яке аз ду писараш, балки ба наберааш Карим Оғохон васият кард. Ӯ 11 июли соли 1957, баъди вафоти бобояш замоне ба мақоми имоми исмоилиҳо расид, ки ҳанӯз ҳамагӣ 21 сол дошт ва донишҷӯи Ҳарвард буд. Дар пайи расидан ба ин мақом маликаи Бритониё ба Карим Оғохон унвони «Аълоҳазрат”-ро ато кард.

Карим Оғохон дар ҷавониаш варзишгар ҳам буд ва соли 1964 дар Олимпиадаи зимистона дар Инсбруки Австрия дар мусобиқати лижаронӣ ширкат кардааст.

Карим Оғохон тавонист дар давраи раҳбариаш бар исмоилиёни ҷаҳон дар заминаи ниҳодҳои мазҳабӣ шабакаҳои хеле қавии тиҷоратӣ, хайрия ва маорифиро бунёд кунад.

Сандуқи Оғохон дар ҳоли ҳохир яке аз бузургтарин созмонҳои хайрия ва маърифатӣ ба шумор меравад, ки ба садҳо ҳазор нафар дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон кумак мерасонад. Шабакаҳои Оғохон аз ҷумла муассиси Донишгоҳи Оғохон дар Покистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо бахшҳояш дар Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон мебошанд.Ҳамин тавр, дар Торонтои Канада як Маркази бузурги исмоилиҳо ва Осорхонаи

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *