600 ҳазор пораи корманди ҳифзи ҳуқуқ барои ҳуҷҷатгузорӣ

Амрулло Мирзоев Корманди Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД бо ҳаммаслаконаш барои ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин аз шаҳрвандон зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ гирифтаанд. Дар ин бора “Asia-Plus” хабар медиҳад

Тавре маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, хабар медиҳад “милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Амрулло Мирзоев бо маслиҳати пешакӣ бо Сино Юсуфов ва дигарон моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Дилноза Муродова даромада, барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га қитъаи замин, аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев Ғ.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд”.

Гуфта мешавад, ки Мирзоев А., Юсуфов С. ва дигарон инчунин бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов А.Р., ба маблағи 44000 сомонӣ ва ба Назруллоев А.М. ба миқдори 366925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Мирзоев А.Х. ва Юсуфов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *