Авбошталабаҳо
Мусиқии баланд, хоби бероҳат ва ташвишу нигаронии сокинони Душанбе
“Баъди соати 5-и бегоҳ фарзандонамро намегузорам, ки ба берун бароянд. Бо бачаҳои кӯча ҷӯрагӣ кардан ҳам намегузорам, зеро метарсам, ки ба ягон балое гирифтор нашаванд. Гоҳо нисфи шаб авбошҳо бо мошинҳои сиёҳшиша омада, додувой карда, мусиқии баланд мемонанд. Намегузоранд, ки хоби бароҳат равем”- бо ташвишу нигаронӣ мегӯяд Шамъигул, сокини маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе.
“Авул”- макони авбошӣ?
Чанд соли охир дар пойтахти кишвар муноқишаҳои гуруҳӣ байни хонандагони мактаб зиёд шуда, ҳатто дар баъзе маҳаллаҳо байни худ «лидер» доранд. Махсусан дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе, ки бо номи “Авул” маъруф аст, ин гуна муноқишаҳо зиёд мушоҳида мешаванд. Шоми 30 апрел боз як муноқишаи байни наврасону ҷавонон дар маҳалаи 104-ми ноҳияи Синои Душанбе рух дод. Дар натиҷаи моҷарои ду гурӯҳ наврасон, Фарҳод Маҳмадназаров, хонандаи синфи 11 МТМУ №101 аз дасташ ҷароҳат бардошту бистарӣ гашт ва ду нафари дигар, яке барои ташкил намудан ва нафари дигар барои захмӣ кардани Фарҳод айбдор шудаву дар маҳбас нишастаанд.
Соли гузашта низ дар арафаи Соли нави мелодӣ хунрезӣ ба миён омада, боис ба ҳалокати ду хонандаи мактаб гардид. Баъди ин ҳодиса тарсу ҳароси сокинони маҳаллаи мазкур бештар шуд. Шаъмигул, сокини маҳаллаи 104-ум дар суҳбат иброз дошт, ки баъди соати 5-и бегоҳ фарзандонашро намегузорад, ки ба берун бароянд. «Фарзандонамро бо бачаҳои кӯча ҷӯрагӣ кардан ҳам намегузорам, зеро метарсам, ки ба ягон балое гирифтор нашаванд. Писаронам маҷбур мешаванд, ки дар хона нишаста, телевизор тамошо кунанд. Гоҳо нисфи шаб авбошҳо бо мошинҳои сиёҳшиша омада, додувой карда, мусиқии баланд мемонанд. Намегузоранд, ки хоби бароҳат равем”- бо ташвишу нигаронӣ мегӯяд, Шамъигул.
Боре худ низ шоҳиди доду фиғони гурӯҳи наврасону ҷавонон дар ҳамин маҳалла гашта будам. Онҳо бо садои баланд, дар даст чӯбу оҳанпора: “Кияй зӯри кӯчатон?”, “Да и тереротория кияй мужик?” ва чандин суханони қабеҳро мегуфтанду диққати ҳамагонро ба худ ҷалб менамуданд ва ҳатто дар чунин ҳолат калонсолон низ аз ин дастаҳои “калтакдорони сурх” истиҳола менамуданд.
Директори дастнорас
Сари масъалаи муноқишаи охири ба амаломада хостем бо директори мактаби №101-и маҳаллаи 104-ум ҳамсуҳбат шавем, вале кӯшишҳоямон бенатиҷа анҷом ёфт. Чандин маротиба ба мактаб омадам, аммо посбони мактаб бо баҳонаи набудани директор маро нагузошт, ки ворид шавам. Барои дарёфти маълумот хостам, ки бо директор телефонӣ суҳбат намоям. Ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе муроҷиат кардам, аммо дар раёсат ҳам барои додани рақами директор дасткӯтоҳ буданд. Ҳатто дар сомонаи расмии раёсат, ки дорои гӯшаи тамос аст, рақамҳои телефони кории ин муаллима дарёфт нашуд. Ин дар ҳолест, ки дигар муассисаҳои таълимии пойтахт суроға, телефон ва ҳатто сомонаҳои расмӣ доранд. Аҷиб, кӣ будани директори мактаби №101 ва шахсияти ӯ чун «Агенти 007» махфӣ буда, дар сомона зикр нашудааст. Шояд ин ба хотири он аст, ки директорони мактабҳои шаҳри Душанбе зуд-зуд иваз мешаванд ва фурсати ҷой додани номи директори мазкур пайдо намешавад?
Раёсати маориф ҳодисаро шарҳ медиҳад
Асомиддин Бобозода, сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе низ аз додани рақами телефони директори мактаби №101 худдорӣ кард. Аммо дар бораи ҳодисаи мазкур чунин маълумотро пешниҳод дод: «30 апрели соли 2018, тақрибан соати 19:30 дақиқа дар шаҳраки 104-ум муноқишаи наврасону ҷавонон рух дод. Дар натиҷа хонандаи синфи 11 МТМУ №101 Фарҳод Маҳмадназаров аз дасташ ҷароҳат бардошта, дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ гардид. Айни ҳол ҳолати Фарҳод Маҳмадназаров хуб мебошад. Муноқишаи ба амаломада, бори дигар нишон дод, ки аз ҷониби бархе аз падару модар ба таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ надода, аз иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сарфи назар менамоянд».
Ба гуфтаи Асомиддин Бобозода, дар муноқишаи ба амаломада омӯзгору муассисаи таълимӣ гунаҳгор набуда, падару модар бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври ҳатмӣ иҷро намоянд ва монеи гаштугузори шабонгоҳии фарзандони худ шаванд. Ӯ зикр намуд, ки мутаассифона, ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо шоҳиди онанд, ки волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззаф, буда бояд ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Яъне боз ҳам “мо гуноҳ надорем…” Сармутахасиси раёсати маорифи шаҳри Душанбе хулосаи «хуб» баровардааст. Аммо чаро директори мактаб бо мо суҳбат кардан нахост? Магар шарҳ додани масъала барояш мушкиле дошт ва ё нахост исми «Агенти 007» — ро касе надонад?
Волидон фарзандонашонро авбош мекунанд?
Модари Кароматулло (нафаре, ки соли гузашта мактабро хатм карда, муноқишаро ташкил намудааст) гуфт: «… Писарам оромтабиат буду ба касе коре надошт. Ду моҳи пеш афтида дасташ баромада буд, барои ҳамин аз кораш рухсатӣ гирифта, дар хона менишаст. Ҳамон бегоҳ ба мағоза рафтан мехост, ки дар роҳ як гурӯҳ бачаҳо гапи бемаънӣ мегӯянд, ки ба иззати нафси писарам мерасад. Ӯ ҳам дар ҷавоб дашномашон медиҳад. Ҳамин тавр, бо ҳам гапашон мегурезаду тамоми гурӯҳ бо писарам дармеафтанд. Ӯро занони кӯча халос мекунанд. Вай ба тарафи хонаамон фирор мекунад. Аз қафояш тамоми гурӯҳ таъқиб карда меоянду дар қарибии даромадгоҳи ҳавлӣ мекӯбанд. Кароматулло дод мезанад, ҳамсояҳо хабардор мешаванд ва гурӯҳи таъкибгар мегурезад. Кароматуллои ман дар сари қаҳр дӯстони мактабияш (мактаби №65)-ро занг зада, даъват мекунад. Дар натиҷа ду гурӯҳ бо ҳам бармехӯранду Фарҳод аз дасти якеашон захмӣ мешавад».
…Муҳаббат ба дард нақл мекунад, ки соли гузашта духтарашро ба шавҳар дода, барои хараҷоти тӯй аз бонк қарз гирифт. “Ба ҳамин хотир, писарам ба донишгоҳи олӣ дохил нашуду кор мекард, то ки қарзи тӯйи хоҳарашро супорад. Аммо тақдири бад ӯро ба кунҷи маҳкама бурд. Ман барои ҳимояаш бо 3 000 сомонӣ адвокат киро кардам. Акнун болои қарзи бонкам боз хароҷоти ӯ изофа шуд. Ман 18 сол пеш шавҳарамро аз даст додаму 3 фарзандамро бо хуни ҷигар калон кардам. Имрӯз аз тарбияи пасти дигар бачаҳо писари ман кунҷи маҳкама нишастааст», -ашки чашмонашро пок карда гуфт модари баргаштабахт…
Авбошӣ танҳо дар Душанбе сар мезанад
Полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода, сардори Раёсати кор бо ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вақти суҳбат гуфт, ки ҳамин гуна авбошии гуруҳӣ дар се моҳи аввали соли 2018 дуто ба қайд гирифта шудааст. Қисмати зиёди чунин ҳодисаҳои авбошии гурӯҳии наврасон маҳз дар пойтахт рух медиҳанд. Полковник муътакид аст ки , вақтҳои охир бетартибӣ аз тарафи наврасон, кордчакашӣ ва таҳдид ба ҳамсолон маҳз дар шаҳри Душанбе зиёд шудааст. “Ҳарчанд мо бо ташкил намудани гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мактабу литсейҳои шаҳр ҳамавақт мегузаронем, вале агар қарсак аз ду тараф набошад, садо намебарояд. Падару модарон ҳам дар тарбияи фарзандони худ кам аҳамият медиҳанд. Воқеан, тарбияи насли наврас имрӯз хеле душвор шудааст. Аз дунёи беохири интернет чизе дилашон хоҳад, мебинанду мешунаванд ва мехонанд. Вале бо вуҷуди ин падару модар бояд донанд, ки писарашон дар куҷо асту бо чӣ кор машғул мешавад», -хулоса намуд полковник.
Дар вақти навиштани мақола дар зеҳнам чанд саволе пайдо шуд, ки шояд масъулин ба он ҷавоб гӯянд ва сари ин масъала равшании бештаре андозанд? Чаро волидайн барои ҳимояи фарзандони худ, ки дар деги ҷӯшони чунин моҷароҳо меафтанд, аз ҳаққи истифодаи ройгони адвокат ва рӯҳшинос (психолог) бенасибанд? Мувофиқи қонун онҳо дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқ ба адвокат ва равоншиноси ройгонро доранд. Ё онҳо ба “панири бепул дар мушқапак” бовар надоранд ва гумон мекунанд, ки чунин адвакатҳо барои сафед кардани фарзандонашон кори назаррасе намекунанд? Инро танҳо нобоварӣ ба як қисми қонунҳои амалкунандаи ҷорӣ, ки ба назарашон ҳаргиз дар ҳолати бегуноҳ будани наслашон кафолати исбот намудани меросхӯрон шуда тавонад, шарҳ додан мумкин аст. Аммо муҳимаш, бояд садди роҳи кашмакашиҳои кӯчагӣ ва моҷароҳои ҷавонон гардид, ки аз оташаки он алангае барнахезад.
Саодат Розиқзода,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ