Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон Сооронбой Жээнбеков

9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию  минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — СASA–1000, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд.

Барои ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад ба имзо расад. Ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” додани мақоми байналмилалӣ барои ҳалли аксар масъалаҳои марбути муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ муҳим зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, робитаҳои нақлиётӣ, транзитӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *