62 нафар маҳбусони озодшуда бо ҷойи корӣ таъмин шуданд
Давоми як сол 242 нафар маҳбусони озодшуда ва шахсони имконияти маҳдуддошта ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд барои дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат намудаанд, ки ба 231 нафари онҳо унвони бекорчӣ дода шудааст. Аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят 62 нафар маҳбусони озодшуда бо ҷойи корӣ таъмин шуданд, ки аз онҳо 9-нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.
Ба гуфти Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Нодирӣ Шермуҳаммад дар давоми соли 2017 36367-шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 21141- нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин ҷавонони синни 15-29 сола, ки барои дарёфти кор ба Агентӣ муроҷиат кардаанд 6637 нафарро ташкил медиҳад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ