Толеъномаи 16 июн 2018

   Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Пеш аз оғози ҳама коратон бояд нақшаатонро кашеду баъд аз он бо эътимод ба аз пайи иҷроишаш шавед. Имрӯз фароғат кунед, вохӯриҳои муҳиматонро ба нақша нагиред. Ба ҳар корҳои майда-чуйда аҳамият дода, асабатонро озор надиҳед. Корҳои нотамоми хонаро бошад, дар вақтҳои холӣ анҷом диҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳоло вақти он расидааст, ки ба рухсатии меҳнатӣ баромада, барои истироҳат ҷойи ба худ мувофиқро интихоб намоед. Дар охири рӯз вохӯрии ғайриинтизор дар назар аст, ки самти зиндагиатонро дигар мекунад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Барои меҳмонӣ рафтан ва ҳамчунин қабули меҳмонҳо рӯзи мусоид аст. Вале системаи ҳозимаатонро ҳифз намуданро фаромуш насозед. Аз пурхӯрӣ ва истеъмоли хӯрокҳои серравған худдорӣ намоед. Мулоқотҳои расмиро ба рӯзи корӣ вогузор намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Шуморо лозим аст, ки таҷрибаи навро дар самтҳои гуногуни ҳаёти шахсӣ омӯзед. Хабарҳои зиёде шуморо нигарон кардааст. Дар охири рӯз ба саволҳои беҷавобатон посух меёбед.  Кӯшиш кунед, ки корҳои супориширо дар сатҳи пешбинишуда ба анҷом расонед. Агар шумо бо як рӯҳияи болида рӯзи идро оғоз намоед, ҳамаи корҳои ҳамонрӯзаатон бобарор анҷом меёбад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ҳамаи мушкилиҳоятон ҳалли худро меёбад. Супоришҳои  аз тарафи роҳбариятшударо сари вақт иҷро намоед.  Дар ин рӯз шуморо хабари хуше болидарӯҳ мегардонад. Муносибатро бо ҳамкорону пайвандон хуб ба роҳ монед. Кӯшиш кунед, ки кори имрӯзаатонро ба фардо нагузоред.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Тамоми рӯз бароятон хушу гуворо хоҳад гузашт. Дӯстонатон тайёранд, ки дар ҳама ҳолат ба шумо  кумак намоянд. Рӯз барои сафар кардан хуб аст. Агар хоҳед, ки истироҳататон хотирмон гузарад ҳамсафари ҳаётиатонро ҳамроҳ гиред. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Барои он ки ҳама нақша ва вохӯриҳоятон дар сатҳи лозима гузарад, бояд аз рӯйи нақшаи пешакиатон амал намоед. Кӯшиш кунед, ки таҳаммулро аз даст надиҳед ва бо сабабҳои ночиз бо пайвандон муноқиша накунед. Вақти қимататонро  бо суҳбатҳои хушку холӣ сарф нанамоед. Ба аёдати наздикону пайвандон рафтанро дар рӯзи истироҳат ба нақша гиред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Набояд вақтро беҳуда гузаронед, беҳтараш барои ҳаёт ва муносибатҳои шахсӣ мубориза баред. Тиҷорататонро бояд назорати ҷиддӣ баред, чунки дар айёми буҳрони иқтисодӣ каме хисорот ба миён омаданаш мумкин аст. Бар замми ин ба садои дилатон гӯш кардан низ ба манфиат хоҳад буд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз васеъ кардани доираи дӯстонатон манфиатовар хоҳад буд. Имконияти пайдо кардани дӯстони хуб фароҳам омадааст. Беҳтараш фикрҳои беҳударо аз сар дур намуда дар пайи дилхушӣ шавед.  Он чизеро, ки амалӣ карда наметавонед, ба кӯдакон ва волидон ваъда надиҳед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Вохӯрӣ бо наздикону ақрабо дар назар буда, омадани  дигар меҳмонон ба хонаатон рӯҳияи шуморо болида мегардонад.  Дар миёнаи дуюми рӯз аз наздиконатон дур нашавед ва мушкилиҳои ба вуҷудомадаро сари вақт ҳал намоед. Барои ба аёдати ақрабои дур рафтан фурсати муносиб аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Корҳоятон бисёр мешавад. Ин барои ба даст овардани маблағи зиёд ба шумо мусоидат мекунад. Корҳое, ки чанд вақт пеш таҳрезӣ карда будед, вақти амалкунии он расидааст. Муоширатро ба дӯстони деринаатон барқарор намоед. Маслиҳати атрофиёнро гӯш карда, ба он амал карданатон ба манфиати шумо хоҳад шуд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Имрӯз бояд корҳои аввалиндараҷаатонро ба анҷом расонед. Исбот намоед, ки шумо ба ҳама кор қодиред. Хушбахтона, дар нимаи дувуми рӯз нерую қувваи шумо зиёд гашта, анҷоми супоришҳо саривақтӣ мегардад. Беҳтараш рӯзи истироҳат ба кори хона машғул шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *