Шиканҷакунандагон ҷазо гирифтанд
Суди ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 19-уми июн ду корманди мақомоти интизомии минтақаро бо ҷурми шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, узви собиқи ҲНИТ (дар Тоҷикистон мамнӯъ)дар ноҳияи Ашт, ба зиндон андохт.
Бино ба ҳукми суд, Латифҷон Юлдошев – масъули собиқи Шуъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Суғд ба 13 сол ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ба 12 соли ҳабс маҳкум шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ