Зуҳуров президентро қабул кард
Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, ки бо сафари расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, бо Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳарду кишвари бо ҳам дӯст ибрози назар намуда, таъкид кард, ки мо аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қаноатмандем. Мубодилаи сафарҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд. Ҳайатҳои парлумонӣ аз ҳар ду кишвар боздид мекунанд, дар кори конфронс ва ҷаласаҳои парлумонӣ ҳамеша иштирок менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар навбати худ изҳор намуд, ки талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Исломобод зиёд аст ва аз ҷониби мо низ ин кӯшишҳо дида мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн баргузории конфересияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Тоҷикистон ва ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, пешсафии он дар баррасии масоили глобалии вобаста ба об баҳои баланд дод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ