65 ҳазор пора гирифту бо 68 ҳазор озод шуд
Суди ноҳияи Рӯдакӣ мудири собиқи раёсати маорифи ин ноҳия Иқболи Неъматуллоро, ки ба гирифтани пора аз мудирони 36 мактаби миёна айбдор мешуд, ба маблағи ҳамагӣ 68 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, аз толори додгоҳ озод кардааст.
Ин маблағ ҳамагӣ 3 ҳазор сомонӣ бештар аз 65 ҳазор сомонӣ маблағҳои собитшудаест, ки Иқболи Неъматулло баробари расидан ба мақоми мудири Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз мудирони чанд мактаб талаб карда, гирифта буд.
Чунин ҳукм дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба бор овард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ