65 ҳазор украинӣ. Асир ё бенишон?

65 ҳазору 956 низомӣ ва сокинони мулкии Украина дар феҳристи шахсони бенишоншуда ё асирафтодаҳо будаанд. Дар ин бора Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо хабар медиҳад.

Ин омор вазъро то 18-уми сентябри соли 2024 дар бар мегирад.

Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо мегӯяд, ки бар асоси маълумоти тасдиқшуда тақрибан 51 ҳазор кас бенишон ҳастанд. Ин манбаъ мегӯяд: » Русия бархилофи уҳдадориҳои байналмилалии худ дар бораи сарнавишти онҳо саривақт иттилоъ намедиҳад».

Ассамблея ба таври қатъӣ аз Русия хостааст, ки ба Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ниҳодҳои масъули Созмони Милал ба ҷойҳои нигаҳдории асирони ҷангии Украина ва ғайринизомиён дастрасӣ диҳад. Русия иддаои шиканҷа ва тарзҳои дигари бадрафториро бо асирони ҷангӣ намепазирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *