Мошини пулисро тирборон карданд
Дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон шаби 6 ба 7 август афроди номаълум ба самти мошини кормандони пулис оташ кушоданд. Дар натиҷа кормандони пулис низ аз силоҳ кор гирифта, ду ҷавонро боздошт карданд.
Ба гуфтаи сухангӯи пулиси вилояти Иссиқкӯл Сталбек Усубакунов, ҳодиса тахминан соатҳои 23:30 дақиқа рух додааст. Сокинони маҳаллӣ аз ҷанҷоли чанд мард дар кӯча ба пулис шикоят карда, гуфтанд, ки садои тирро низ шуниданд.
«Гуруҳи фаврӣ ба маҳалли ҳодиса рафт, ки дар онҷо 4-5 ҷавон ҳузур доштанд. Онҳо ба самти мошини кормандони пулис оташ кушода, санг ҳаво доданд ва фирор карданд», — афзуд ӯ.
Дар натиҷа ду ҷавони 20-сола дастгир карда шуд. Яке аз онҳо сокини шаҳри Балиқчӣ ва дувумӣ аз ноҳияи Тонс аст. Аз онҳо ду силоҳи шикории ИЖ-18ЕМ пайдо карданд, ки дар ҷое қайд нашудаанд. Гумонбарони дигар дар кофтукобанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ