«Ҷияни генерал» ба ҳабс гирифта шуд
Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки бо супориши бевоситаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз ҷониби кормандони масъули мақомот мақолаи дар сомонаи Ахбор.ком таҳти унвони «Ман ҷияни генералум, ҳамата … мекунум” инъикос гардида, мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода шуд.
Милитсияи пойтахт чунин иттилоъ медиҳад, ки зимни санҷиш дар ҳақиқат ҳолатҳои дар мавод ва навори видеоӣ инъикос гардида аз ҷониби нафарони алоҳида тасдиқи худро ёфтааст.
Зимни баррасӣ муайян карда шуд, ки қаҳрамони дар матлаб зикр гардида, ки худро «ҷияни генерал» муаррифӣ намудааст, зода ва истиқоматкунандаи кучаи Бухорои шаҳри Душанбе шаҳрванд Бураков Убайдулло Лутфуллоевич соли таваллудаш 04.02.1995 мебошад.
Дар рафти санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда автомашинаи тамағаи Тайота-Каролла аломати қайди давлатиаш 6835OD, ки ба падараш Бураков Лутфулло Партоевич соли таваллудаш 01.03.1962 тааллуқ дорад, худсарона бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намуда, ҳангоми ҳаракат санаи 7 август, тахминан соати 14.30 дақиқа дар назди собиқ бозори Шоҳмансур бо ронандаи автомашинаи мусофиркашони тамғаи Спринтер муноқиша намуда, нисбати ӯ суханҳои қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Сипас нисбати шаҳрванд Бураков Убайдулло Лутфуллоевич бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 10 август бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Бураков Убайдулло ҷазои дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат [email protected], саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд. Ҳамаи муроҷиат ва пешниҳоду дархостҳои воридгардидаро шахсан сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода мавриди омӯзиш қарор дода, баъдан барои баррасӣ ва санҷиши холисона ба шуъбаву хадамотҳои милитсия пойтахт ирсол менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ