Раис директорро заду аз вазифа дур кард

Субҳи рӯзи 14 сентябр дар Боғи марказии Кӯлоб раиси шаҳр Амонулло Хайрулло ва акнун собиқ директори боғ Абдураҳим Одинаев ба муноқишаву занозанӣ пардохтанд.

Бино ба гуфтаи шоҳидони воқеа, сабаби муноқиша гӯё аз ҷониби раиси шаҳр дастур додани сангфарш кардани тамоми боғ будааст.

Айни замон директори боғ барои корҳои таъмиру ободкунии он маблағу восита надорад ва бинобар ин қаблан лозим омада буд, ки қаламрави боғро байни соҳибкорони хурд, ки дар боғ нуқтаҳои фурӯш доранд, тақсим кунад, то ки онҳо аз ҳисоби худашон дар он корҳои таъмиру навсозиро анҷом диҳанд.

“Ба дархости навбатӣ доир ба оодкунии яке аз қисматҳои боғ директор розӣ нашуда, изҳор намуд, ки барои ин восита надорад. Барои ин ӯ мавриди таҳқири шадид қарор гирифта, баъдан раиси шаҳр ба лагадзании ӯ оғоз намуд”, — ҳикоят кард ба “Азия-Плюс” шоҳиди муноқишаву ҷанҷол.

Шоҳидони сершумор мегӯянд, худи Одинаев низ маҷбур шудааст, ки бо раиси шаҳр дастбагиребон шавад. Онҳоро муовини раиси шаҳр ва намояндаи Кумитаи кор бо занони Кӯлоб аз ҳам ҷудо кардаанд.

Ба қавли фурӯшандагони боғ, баъди ҷанҷол директори боғ аз мансаб барканор шудааст. Ба гуфтаи соҳибкорони маҳаллӣ, баъдан раиси шаҳр маҷлис гузаронида, ҳамаро вазифадор кардааст, ки дар корҳои ободкунии шаҳр саҳм бигиранд: яке бояд кошонаи ҳусн кушода, дигарӣ бояд намо (фасад)-и хонаҳоро таъмиру навсозӣ кунад.

“Ман ҳамчун мард ариза навиштам”

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” Хайрулло Тоиров, мудири шуъбаи фарҳанги минтақаи Кӯлоб хабар дод, акнун собиқ директори Боғи шаҳри Кӯлоб Абдураҳим Одинаев назди ӯ омада, асли воқеаро барояш гуфтааст.

“Мо барои кор ҷанҷол кардем, ӯ маро танқиду мазаммат ва ҳатто дашном дод, вале ман ҳамчун мард ариза навишта, аз кор рафтам”, — мегӯяд Тоиров аз қавли Одинаев.

Ӯ зикр кард, ки Абдураҳим Одинаев яке аз беҳтарин директорони боғҳои вилоят буда, муддати ду соли раҳбарии ӯ ба боғи Кӯлоб он яке аз беҳтаринҳо дар вилоят ва ҳатто ҷумҳурӣ дониста шуд.

“Соли 2017 дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни боғҳои шаҳрҳои кишвар баъди Боғи ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе Боғи Кӯлоб знаи дуюмро ишғол намуд. Ҳамчунин ҳамин сол барои кори пурсамар Одинаев бо нишони “Аълочии фарҳанг”, ифтихорномаи раиси вилоят ва имсол бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ шуд”, — мегӯяд Хайрулло Тоиров.

Дар шаҳрдории Кӯлоб ҷанҷолу занозаниро рад мекунанд

Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки шарҳи ин масъаларо аз мақомоти шаҳрдорӣ бипурсем ва нахуст ба маркази матбуот ба Сулаймон Ситамов занг задем. Ӯ посух дод, ки дар ин бора чизе гуфта наметавонад, зеро дар бораи ин ҳодиса ягон огаҳие надорад.

Бо муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова низ дар тамос шудем, ки ба гуфтаи шоҳидон зимни ин муноқишаву ҷанҷол он ҷо ҳузур дошт. Ӯ изҳор намуд, ки дар бораи муноқишаву ҷанҷол чизеро нашунидаасту намедонад.

“Раиси шаҳр ба директор дастур дод, ки дар боғ тартиботро ҷорӣ намуда, корҳои таъмиру навсозиро дар иншооту ҷойҳое, ки ба он ниёз доранд, анҷом диҳад. Дигар ҳеҷ занозание, ки дар борааш мегӯянд, ҷой надошт”, — хабар дод мансабдор.

Бо худи раиси шаҳри Кӯлоб тамос гирифтан муяссар нашуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидон, дарҳол баъди муноқишаву занозанӣ бо дастури раиси шаҳр шахсонеро, ки ҷанҷолро дар телефонҳояшон наворбардорӣ карда буданд, ба ихроҷи наворҳои видео аз телефонҳо маҷбур кардаанд.

«Азия плюс»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *