7 ҳазор ҷангҷӯи Толибон дар марз бо Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик мегӯянд, гуруҳи «Толибон» дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардааст. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз ин раванд, хостори ҳамкории густурдаи сохторҳои интизомии кишварҳои минтақа барои ҷилавгирӣ аз ин хатар шудааст.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май дар маросиме ба муносибати 15-умин солгарди иҷрои барномаи ВОМСА ё Идораи марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ҷунбиши «Толибон» тасмим гирифтааст, бештаре аз пойгоҳҳои омӯзишиву низомии худро аз ҷануби Афғонистон ба шимоли кишвар интиқол диҳад, ки мояи нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамзамон гуфт, 6 ҳазору 825 ҷангҷӯи ҳирфаии террорист дар як ё ду километр дуртар аз марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд ва асосан намояндагони миллатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, дар вилоятҳои Балх, Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷой дода шудаанд.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар идомаи суҳбатҳояш афзуд, ки ҳифозати 1344 километр марзи муштарак бо Афғонистон наметавонад танҳо «дарди сар»-и ҳукумати Тоҷикистон бошад. Вай аз созмонҳову кишварҳои хориҷӣ барои кумакҳояшон дар таъмини ҳимояи марз бо Афғонистон изҳори сипос кард ва афзуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ба ҳамкорӣ дар ин замина бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад.
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар зарфи 15 соли иҷрои барномаи BOMKA Тоҷикистон барои тақвияти ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон ҳудуди 43 миллион евро дарёфт кардааст. Дар ҷараёни иҷрои 9 марҳилаи ин тарҳ бархе аз дидбонгоҳҳо ва идораҳои назорати марзӣ бунёд ё бозсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ