7 ҳазору 840-дона маводи тарфгарии намуди «Трения” дарёфт ва мусодира шуд
Бино ба иттилои ВКД, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшанро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 7 ҳазору 840-дона маводи тарфгарии намуди «Трения” дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ