7 бор афтодану 8 бор хестан. Мусоҳиба бо ғолиби Шоҳҷоиза Шукрона Тоҳирӣ

Суҳбат бо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шукрона Тоҳирӣ

“Пауло Коэло дар асари худ “Кимёгар” мегӯяд, ки “сирри муваффаққияти зиндагӣ дар он аст, ки одам ҳафт бор афтаду ҳашт бор хезад”. Ана ҳамон ҳафт бор солҳои пешин афтодан буду ҳашт бораш имсол якбора хестан, ки ман муваффақ гаштам”,- мегӯяд барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2023 Шукрона Тоҳирӣ.

— Чӣ шуморо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» овард?

— Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки ширкат мекунам. Соли якум дар даври ноҳиявӣ соҳиби мақоми сеюм шуда будам. Соли дуюм бошад, дар даври шаҳрӣ соҳиби ҷойи дувум ва дар ҷумҳуривӣ ҷои ифтихориро соҳиб гардидам. Имсол, хушбахтона, дар даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро гирифта, барандаи Шоҳҷоиза гардидам. Дар воқеъ, ҳеҷ бовар надоштам, ки баранда мешавам, вале тавре мегӯянд, ҳар афсаре, ки орзуи генерал шуданро надорад, ӯ афсар нест. Яъне агар ҳар иштирокчӣ орзуи Шоҳҷоизаро надошта бошад, пас ӯ аз рӯи ҳавову ҳавас иштирок кардааст.

— Баъди ғолибият ва гирифтани Шоҳҷоиза чӣ эҳсосот доред?

— Худро хеле хушбахт эҳсос мекунам. Бояд бигӯям, ки баъди гирифтани Шоҳҷоиза аз ҷониби ректори донишгоҳамон профессор Қобилҷон Хушвахтзода низ мукофот гирифтам. Қаблан, агар ягон кас аз шартномавӣ хонданам мепурсид, шарм медоштам, вале имрӯз бо ифтихор метавонам бигӯям, ки дар гурӯҳи буҷавӣ ҳастам. 

— Барои ғолибият дар озмун ҷуз теъдоди асарҳои мутолиакарда боз чӣ лозим аст?

— Барои ғолиб омадан дар ин мусобиқа танҳо заковат, меҳнатдӯстӣ ва эътимод ба худ лозим аст. Агар 500 китоб хонда бошӣ ва тамоми шеърҳои дунёро аз ёд донӣ, аммо ба худат ва ба пирӯзии худ бовар надошта бошӣ, ин туро ба ҷое намебарад.

— Шумо дар чандсолагиатон ба адабиёт дил бастед?

— Ангезаи асосии ба мутолиа дил бастани ман волидонам буданд, ки моро ба хондан ва ба худ бовар доштан талқин мекарданд. Вақте ки волидон бо фарзандони худ дӯстӣ мекунанд ва онҳоро қатъиян маҳдуд намекунанд, дар руҳи кӯдак муҳаббат ба ин ё он соҳа пайдо мешавад. Банда роҳи илмро дар мактаби №46-и шаҳри Душанбе шуруъ карда, баъд дар Гимназияи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе таҳсил кардам. Шавқ нисбат ба адабиёт аз хурдӣ дар дилам буд. Ҳамин тавр, замони донишҷӯйӣ ҳам аз мутолиа дур нашудам.

— Шумо аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик соҳиби Шоҳҷоиза шудед. Кадом адибонро меписандед?

— Яке аз аввалин китобҳое, ки банда мутолиа кардам, “Марги судхӯр”-и устод Садриддин Айнӣ буд. Бо падарам ба бозор рафта будему нигоҳам ба ин китоб бархӯрд. Дар аввал фикр кардам, ки дар муқоваи он ғалат рафтааст. Фикр кардам, ки на “Марги судхӯр”, балки марди судхӯр бояд бошад. Падарам он китобро бароям хариданд. Ҳамин тавр ба осори устод Садриддин Айнӣ дил бастам. Ҳамаи асарҳои эшонро меписандам. “Палатаи кунҷакӣ”-и Фазлиддин Муҳамадиев ва “Буд набуд”-и Сорбон асарҳои мақбули дилам ҳастанд ва мутолиаи онҳоро ба ҳамагон тавсия медиҳам.

— Аз рӯи шунидам, эҷодкор низ ҳастед?

— Бале, шеър эҷод мекунам. Аз синфи 7 аллакай бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамкорӣ доштам ва ҳафтае як маротиба кӯшиш мекардам, ки ба назди устод Муҳаммадалӣ Аҷамӣ рафта, маслиҳат бигирам. Худо раҳматашон кунад, аз он кас бисёр омӯхтаам.

— Чанд муддат дар телевизион ҳам фаъолият доштед. Чӣ шуд, ки ба соҳаи ҳуқуқ равона гардидед?

— Бале, ман чор сол дар телевизиони “Баҳористон” фаъолият кардам. Соли 2018 кастинг эълон шуд, ки аз байни 64 нафар 5 нафар ба кор пазируфта шудем. Аввал дар самти барномаҳои сиёсӣ фаъолият кардам, вале баъдан бо хоҳиши худам ба шуъбаи фарҳанг гузаштам. Дар барномаи “Як соат” бахши “Як ҳунар”-ро омода мекардам. Пас аз донишҷӯ шуданам падарам дигар ба фаъолиятам розигӣ надоданд. Зеро ман зиёд хаста мешудам ва эшон хавотири саломатиам буданд.

Имрӯз донишҷӯйи риштаи ҳуқуқ ҳастам ва касбамро дӯст медораму мехоҳам дар оянда яке аз беҳтаринҳо бошам.

— Кӣ бештар барои муваффақ гардидани шумо кумак кард?

— Падару модарам ва омӯзгоронам, ки аз онҳо миннатдорам. Падару модарам барои банда беҳтарин шароитҳоро муҳайё кардаанд, ки хуб таҳсил кунам. 

— Ба назари шумо, ба ҷуз баргузории озмунҳо, дар байни ҷавонон боз бо кадом роҳҳо китобхониро таблиғ мебояд кард?

— Дар ин рӯзҳо озмун беҳтарин вариант аст, зеро ҷомеаи мо ба ҳавасмандгардонӣ диққати махсус медиҳад. Ҳамчунин, телевизион, радио, рӯзнома ва умуман ВАО дар тарғиби китоб нақши калон гузошта метавонанд. 

— Шукрона, ташаккур барои суҳбат.

— Ба шумо низ ташаккур. Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи онҳое арзи сипос менамоям, ки дар ин рӯзҳо шодишарики ман буданд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маро табрик карданд.

Мусоҳиб: Сумани УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *