7 медали паҳлавонони Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон
Дар шаҳри Еревани кишвари Арманистон Чемпионати ҷаҳонии самбо баргузор шуд, ки дар он паҳлавонони Тоҷикистон низ ширкат карданд ва ҷойҳои намоён низ ба даст оварданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 нафар дар самбои варзишӣ намояндагӣ карданд, ки 7 медал (1 тило, 2 нуқра, 4 биринҷӣ)-ро соҳиб шуданд.
Қувваозмоиҳо аз рўи се синну сол баргузор шуданд. Медали тилоро Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98 кг миёни ҷавонон ба даст овард. Миёни ҷавонон инчунин Субҳиддин Халилзода (-71 кг) ба гирифтани медали нуқра, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Медали дигари нуқраро Абдуллои Ориф дар вазни -64 кг миёни наврасони 16-18-сола соҳиб шуд. Миёни наврасони 14-16-сола Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазвори медали биринҷӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ